Сентябр 19, 2022 19:59 Asia/Dushanbe
  • Раиси Ҷумҳурии Тотористони Русия вориди Гургон шуд
    Раиси Ҷумҳурии Тотористони Русия вориди Гургон шуд

Раиси Ҷумҳурии Тотористони Русия ба ҳамроҳи ҷамъи аз фаъолони иқтисодӣ аз ин ҷумҳури вориди Гургон маркази устони Гулистон шимоли Эрон шуд ва мавриди истиқболи устондори Гулистон қарор гирифт.

Ба гузориши ИРНА, имзои тафоҳумномаи ҳамкори байни устони Гулистон ва Ҷумҳурии Тотористони Русия ва нишаст бо фаъолони иқтисодии устони Гулистон аз ҷумлаи муҳимтарин барномаи сафари кории Рустам Минниханов, раиси Ҷумҳурии Тотористони ба устони Гулистон аст.

Бар асоси эъломи равобити умумии устондори Гулистон ин сафар дар ростои таҳким ва рушди равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ байни якдигар ва имзои тафоҳумномаи ҳамкори сурат гирифт.

Вуҷуди беш аз се миллион гектар замини зироӣ ва тавлидоти кишоварзӣ ва гузари хати роҳи оҳан аз Тотористон ба Қазоқистон ва сипас ба Туркманистон ва дар ниҳоят ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, марзи Инчабуруни устони Гулистон мазияти Ҷумҳурии Тотористони Русия аст.

Устони Гулистони Эрон бо беш аз 20 ҳазор километри мурабаъ вусъат ва ҷой додани ҳафт иқлим аз 13 иқлими дунё дар ҳамсоягоии се устони Мозандарон, Хуросони Шимолӣ ва Симнон ва кишвари Туркманистон қарор дорад ва дар тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷойгоҳи мумтози дар кишвар бархурдор аст.

 

Барчасп