Сентябр 20, 2022 14:04 Asia/Dushanbe
  • Тафоҳумномаи ҳамкори дар заминаи иқтисодӣ байни устони Гулистон ва Ҷумҳӯрии Тотористон шомгоҳи душанбе дар Гургон имзо шуд
    Тафоҳумномаи ҳамкори дар заминаи иқтисодӣ байни устони Гулистон ва Ҷумҳӯрии Тотористон шомгоҳи душанбе дар Гургон имзо шуд

Раиси Ҷумҳӯри Тотористон афзоиши равобити тиҷорӣ бо Ҷумҳӯрии Исломии Эронро хостор шуд.

Рустам Минихонов Раиси Ҷумҳӯри Тотористон рӯзи душанбе дар дидор бо  устондор  Алимуҳаммад Зангона ва масъули устони Гулистон, шимолӣ Эрон, бо таъкид бар густариши равобити иқтисодии дуҷониба афзӯд: Тотористон ва устони Гулистони Эрон иштирокҳои таърихӣ ва фарҳангӣ ва иқтисодии зиёде дар бахшҳои мухталиф доранд ва дар дидорҳои ахир масъулони эронӣ ва тотористонӣ, тарафайн бар густариши равобит таъкид кардаанд.

Минихонов тасреҳ кард: Раиси Ҷумҳӯри Русия низ таваҷӯҳи вижае ба кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ дорад ва дар чорчӯби дастури Раис Ҷумҳӯри Русия гурӯҳи вижа ва роҳбӯрдии кишварҳои Исломӣ ташкил шуда, ки раёсатии онро Раис Ҷумҳури Тотористон бар уҳда дорад.

Бар асоси ин гузориш, тафоҳумномаи ҳамкори дар заминаи иқтисодӣ байни устони Гулистон ва Ҷумҳӯрии Тотористони Русия шомгоҳи душанбе дар Гургон имзо шуд.

Дар интафоҳумнома, ки ба имзои Алимуҳаммади Зангона устондори Гулистон ва  Рустам Минихонов Раиси  Ҷумҳури Тотористон расид, сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳавзаҳои мухталиф аз ҷумла сатҳи мубодилоти кишоварзӣ ва тиҷорӣ афзоиш меёбад.

Вуҷӯди беш аз се миллион ҳектор замини зироати ва тавлидоти кишоварзӣ ва гузари хатти релӣ аз Тотористон ба Қазоқистон ва сипас ба Туркманистон ва дар ниҳоят ба Ҷумҳӯрии Исломии Эрон марзи Инчабуруни устони Гулистон аз мазиятҳои Ҷумҳӯри Тотористони Русия барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба аст.

 

 

 

Барчасп