Сентябр 23, 2022 21:00 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон
    Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон дар мавриди ошӯбҳои ахир таъкид кард, душманони мардум дар пайи иғтишош ҳастанд.

Сайид Аҳмади Хотамӣ, дар хутбаҳои намози ибодӣ - сиёсии ҷумъаи ин ҳафтаи Теҳрон ба иғтишошоти ахир пардохт ва гуфт, фавти як ҳамватан мояи таассуф асту ҷои таслият ба хонаводаи эшон ва орзӯи сабр барои онон аст.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон афзуд, дар ин қазия ҳамаи мақомоти кишвар вуруд карданд ва раиси ҷумҳур, раиси қувваи қазоия, раиси қувваи қонунӣ ва ҳама ворид шуданд ва бар пайгирии дақиқи ин масаъла таъкид карданд ва ин масъулон амини низом ҳастанд ва ба уманои худ комилан имон дорему мардум ҳам дар ин арса ба қавли умано имон доранд ва қатъан пайгирӣ ва натиҷа ба мардум гуфта хоҳад шуд.

Аҳмади Хотамӣ ҳамчунин гуфт, муддатҳост душманони мардум дар пайи иғтишош ҳастанд, дунболи сужа буданд ва муваффақ нашуданд то ин ки ин сужа пеш омаду сужаи бисёр дандонгире барои онон шуду савор бар мавҷ шуданд.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон хотирнишон кард, танҳо чизе ки барои ин иғтишошгарон матраҳ набуд, ҳамон масъалаи ин хонум аст, чун масъулон ба ҷид дар саҳна ва пайгир ҳастанд.