Сентябр 24, 2022 21:24 Asia/Dushanbe
  • Таслияти солрӯзи реҳлати Паёмбари Акрам(с) ва шаҳодати имом Ҳасан(а)
    Таслияти солрӯзи реҳлати Паёмбари Акрам(с) ва шаҳодати имом Ҳасан(а)

Эрони исломӣ дар сувги реҳлати Паёмбари гиромии Ислом ҳазрати Муҳаммад(с) ва шаҳодати ҳазрати имом Ҳасани Муҷтабо(а) имом дувуми шиъаёни ҷаҳон ғарқи андуҳ ва мотам аст.

Якшанбе 28 сафар соли 1444 ҳиҷри қамари барбар бо 25 сентябри соли 2022 солрӯзи реҳлати Паёмбари гиромии Ислом(с) ва шаҳодати ҳазрати имом Ҳасани Муҷтабо(а) аст.

Паёмбари гиромии Ислом(с) то пеш аз реҳлаташ дар соли 11 ҳиҷрии қамари бо утуфат, аҳком ва мабонии шариъати набавиро ба шеваҳои писандида ва дар айниҳол матин ва муҳкам баён карданд ва дар тарвиҷу нашри маъорифи дин ва ҳидояти он ба беҳтарин шакли мумкин талош карданд.

Ҳазрати имом Ҳасани Муҷтабо(а) низ, ки ҳудуди 30 сол бо падари бузургаворашон ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб(а) мулозимат доштанд, дар 28 сафари сол 50 ҳиҷрии қамари дар 47 солагӣ ба дастури Муъвия ва ба дасти ҳамсараш масмум шуд ва ба шаҳодат расиданд.

Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон фаро расидани солрӯзи реҳлати Паёмбари гиромии Ислом(с) ва шаҳодати ҳазрати имом Ҳасани Муҷтабо(а) имоми дувуми шиъаёнро ба мусалмонони ҷаҳон таслият мегуяд.