Ифтитоҳи нахустин шӯъбаи ширкати “SERVCORP” - Австралия дар Теҳрон
(last modified Tue, 06 Dec 2016 06:17:44 GMT )
Декабр 06, 2016 11:17 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи нахустин шӯъбаи ширкати “SERVCORP” - Австралия дар Теҳрон

Ширкати “SERVCORP” - Австралия бо ҳадафи густариши ҳамкории иқтисодиву тиҷорӣ бо Ҷумҳурии исломии Эрон, нахустин шӯъбаи худро дар Теҳрон ифтитоҳ кард.

Ширкати “SERVCORP” - Австралия  дар ҳоли барномарезӣ барои боз кардани 10 шӯъбаи дигар дар Эрон, дар чорчӯби тавсеаву тақвияти равобити тиҷории Эрону Австралия аст.

Ширкати “SERVCORP” - Австралия  як ширкати чандмиллиятӣ аст, ки талош ба ироаву хидматрасонии фазоии идорӣ, дафтари маҷозиву хадамот дар заминаи фанноварии иттилоот мекунад.

Ин ширкат, ки соли 1978 таъсис шудааст, дар 21 кишвари ҷаҳон фаъол аст.

Ян Бигз, (Ian Biggs), сафири Австралия дар Эрон дар ойини кушоиши дафтари ширкати “SERVCORP” - Австралия дар Теҳрон гуфт, лағви таҳримҳо зидди Эрон умеди зиёде барои густариши равобити тиҷорӣ байни ду кишвар ба вуҷуд овардааст.

Сафири Австралия дар Эрон пеш аз ин аз азми ҷиддии он кишвар барои барқарории таомули тиҷории фаъолу пӯё бо Эрон хабар дода буд.

Стивен Чиобо, вазири тиҷорат, сармоягузорӣ ва гардишгарии Австралия низ, ки авохири тобистони имсол дар садри ҳайате тиҷорӣ ва иқтисодии давлатӣ ва хусусӣ ба Теҳрон сафар карда буд, гуфт, фурсатҳои тиҷориву иқтисодӣ дар Эрон барои густариши равобити дуҷониба, фурсат хубе аст.