Сентябр 26, 2022 15:41 Asia/Dushanbe
  • Эрон ва кишварҳои ғарбӣ
    Эрон ва кишварҳои ғарбӣ

Мушовири тими музокиракунандаи ҳастаии Эрон таъкид кард, мавқеияти кишварҳои ғарбӣ иҷозаи афзоиши фишор ба Эронро намедиҳад.

Муҳаммади Марандӣ, мушовири тими музокиракунандаи ҳастаии Эрон гуфт, Эрон қабл аз имзои тавофуқи ҳастаии ҷадид хоҳони дарёфти замонат аст.

Мушовири тими музокиракунандаи ҳастаии Эрон афзуд, амрикоиҳо ва аврупоиҳо дар шароити сахте қарор доранд ва мавқеияти онҳо иҷоза намедиҳад фишор бар Эронро афзоиш диҳанд.

Марандӣ ҳамчунин гуфт, газ дар ҳоли ҳозир аз аҳамияти болое бархӯрдор аст ва амрикоиҳову аврупоиҳо инро медонанд.

Мушовири тими музокиракунандаи ҳастаии Эрон гуфт, раиси Ожонси байналмилалии энержии атомӣ он чиро ки давлати Амрико дикта мекунад, иҷро мекуна. Ожонс ба як ниҳоди сиёсӣ табдил шудааст, ки кишварҳои ғарбӣ таъсири зиёде бар он доранд.

Марандӣ гуфт, Эрон омодаи ҳамкорӣ бо мутахассисону коршиносони ожонс аст то посухҳои лозимро барои ҳалли буҳрон дар ихтиёри онҳо қарор диҳад, ҳарчанд суолоте ки ба тозагӣ аз сӯи ожонс матраҳ шудааст, ҷиддӣ нест.