Фармондеҳи нерӯи дарёӣ Сипоҳи посдорон: Шиновари шаҳид "Абумаҳди Алмуҳандис" сохта мешавад
(last modified Mon, 26 Sep 2022 13:00:48 GMT )
Сентябр 26, 2022 18:00 Asia/Dushanbe
  • Фармондеҳи нерӯи дарёӣ Сипоҳи посдорон: Шиновари шаҳид \
    Фармондеҳи нерӯи дарёӣ Сипоҳи посдорон: Шиновари шаҳид \"Абумаҳди Алмуҳандис\" сохта мешавад

Фармондеҳи нерӯи дарёӣ Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аз сохти шиновари шаҳид "Абумаҳди Алмуҳандис" хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон генерал Алиризо Тангсир бо ишора ба вижагиҳо ва раванди сохти шиновари шаҳид Сулаймонӣ гуфт: Дар замоне, ки бархе кишварҳо ҳозир нашуданд ҳатто як мушак ба Эрон бидиҳанд бо ҳимояти фармондеҳи Ситоди кулли нерӯҳои мусалаҳ ва фармондеҳи кулли Сипоҳ шуруъи кори сохти шиновари шаҳид Сулаймониро шуруъ ва бо мувафақият иҷро кардем.

Генерал Тангсир бо таъкид бар такя ба тавони дохилӣ афзуд: Ҳамаи марҳалаҳои тароҳи ва сохти шиновари 600 тоннии шаҳид Сулаймониро як ширкати донишбунён анҷом дод.

Фармондеҳи нерӯи дарёӣ сипоҳ ҳамчунин гуфт: Аз вижагиҳои шиновари шаҳид Сулаймонӣ ин аст, ки ҳар кадом аз қисматҳои он муҷазо аст ва агар як тарафи он осиб бубинад тарафи дигари шиновар метавонад ба маъмурият идома диҳад.

Генерал Тангсир бо ишора ба вижагиҳо ва тавоноиҳои мунҳасир ба фарди шиновари шаҳид Сулаймонӣ таъкид кард: Як шиновари дигар ҳам дар ҳамил навъ соли оянда ба номи Абумаҳди Алмуҳандис ҳамразми шаҳид Сулаймонӣ тавлид мешавад.

Фармондеҳи нерӯи дарёӣ Сипоҳ бо ишора ба таҷҳизоти шиновари шаҳид Сулаймонӣ ба 16 мушаки иртиқоъи паст ва 4 мушаки бурди баланд гуфт: Шиновари шаҳид Сулаймонӣ аввалин шиновари сохти Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, ки ба мушакҳои амудпарвоз муҷаҳаз аст.