Мусовии тими миллии футболи Эрон баробари қаҳрамони Африқо
Сентябр 28, 2022 10:29 Asia/Dushanbe
Тими миллии футболи Эрон дар дуюмин дидори тадорукотии худ ба масофи Сенегал, қаҳрамон Африқо рафт, ки ин бозӣ дар поён бо тасовии як бар як хотима ёфт.
Ба гузориши ИРНА, нимаи аввали дидори тадорукотии Эрону Сенегал бо тасовии бидуни гол ба итмом расид, вале дар нимаи дувум бо ҳамалоти пай дар пайи ду тим ибтидои тими Сенегал дар пайи иштибоҳи Пуралии Ганҷӣ ба гол расид то бозӣ як бар сифр ба сӯди Сенегал шавад.
Дар идомаи ин мусобиқа, тими Эрон низ дар дақиқаи 65 рӯи ирсоли Эҳсони Ҳоҷсафӣ ва зарбаи сари Сардори Озмӯн дарвозаи Сенегалро боз кард то кор ба тасовӣ кашида шавад.
Ин бозӣ дар поёни 90 дақиқа талошу мавқеияти голзанӣ барои ду тим бо тасовии як бар як хотима ёфт.
Барчасп