Нерӯи ҳавоии артиши Эрон қудратмандтар аз ҳамеша омодаи дифо аз кишвар
Фармондеҳи нерӯи ҳавоии артиши Эрон бо ишора ба худкафоии ин неру гуфт, нерӯи ҳавоии Артиши Ҷумҳурии исломӣ омодатар ва қудратмандтар аз ҳамеша омодаи дифо аз Эрон аст.
Сартип халабон Ҳамиди Воҳидӣ, фармондеҳи нерӯи ҳавоии артиши Эрон, дар бораи омодагӣ ва тавони ин нерӯ изҳор кард, нерӯи ҳавоии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон омодатар ва муқтадиртар аз ҳар замони дигаре аст.
Вай бо баёни инки нерӯҳои мусаллаҳи Эрон имрӯз ҳарчӣ ниёз доранд, худашон месозанд, тасреҳ кард, имрӯз нерӯи ҳавоии Артиши Ҷумҳурии исломӣ дар ҳамаи бахшҳо ҳамчун нигаҳдорӣ, таъмирот, бозсозӣ ва ҳамчунин иртиқои онҳо худкафо шуда ва онро бо ҳамкориҳои саноеъи вазорати дифои Эрон анҷом медиҳад.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар 31августи 2016 дар ҷамъи вазир, масъулон, муҳаққиқону мутахассисони вазорати дифои Эрон, афзоиши тавони дифоӣ ва таҳоҷумиро ҳаққи мусаллами Ҷумҳурии Исломии Эрон донистанд.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд: Дар ҷаҳоне, ки қудратҳои зӯргӯ, султагар ва дорои камтарин ҷавҳараи ахлоқ, виҷдону инсоният ҳоким ҳастанд ва аз таҷовуз ба кишварҳо ва куштори инсонҳои бегуноҳи ҳеҷ ибое надоранд, тавсеаи саноеъи дифоӣ ва таҳоҷумӣ комилан табиист, зеро ин қудратҳо то иқтидори Эронро эҳсос накунанд, амният таъмин нахоҳад шуд.