Сентябр 28, 2022 18:39 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии тими куштии озоди донишҷуёни Эрон дар Туркия
    Қаҳрамонии тими куштии озоди донишҷуёни Эрон дар Туркия

Тими куштии озоди Эрон бо касби ҳафт медали тилло ба унвони қаҳрамони Ҷоми Ҷаҳонии варзишҳои разми дар Туркия даст ёфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, рақобатҳои Ҷоми Ҷаҳонии варзишҳои размии донишҷуён дар шаҳри Самсуни Туркия дар ҳоли баргузори аст ва тими куштии озоди донишҷуёни Эрон бо ҳафт намоянда дар ин руйдод ҳузур ёфт.

Дар поёни ин мусобиқот намояндагони Эрон шомили Ризо Муъмини дар вазни 57 килограм, Муҳаммадризо Қобири дар вазни 65 килограм, Ирфони Илоҳӣ дар вазни 74 килограм, Ваҳиди Исмоилзода дар вазни 79 килограм, Аҳмади Базри дар вазни 92 килограм, Донёл Шариъатниё дар вазни 97 килограм ва Сайидмаҳдии Шоҳимӣ дар вазни 125 килограм ба медали тилло даст ёфтанд.

Якатозии тими куштии озоди Эрон дар мусобиқоти Туркия дар ниҳоят ба қаҳрамонии ин тим дар Ҷоми Ҷаҳонии варзишҳои размии донишҷуён шуд.