Фавти 7 бемор бар асари мубтало ба корона дар Эрон
Вазорати беҳдошту дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард: Дар 24 соати гузашта 7 бемори мубтало ба Ковид-19 дар Эрон ҷори худро аз даст доданд ва маҷмуъи ҷонбохтагон ба 144 ҳазору 416 нафар расид.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон аз рӯзи душанбе то сешанбеи гузашта бар асоси меъёрҳои қатъи ташхис 262 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид-19 дар Эрон шиносоӣ 87 нафар дар марказҳои дармонӣ бистари шуданд.
Бар асоси ин гзуориш маҷмуъи беморони Ковид-19 дар Эрон аз аввали густариши ин ҳамагири ба 7 миллиону 547 ҳазору 968 нафар расид.
Токунун 7 миллиону 325 ҳазору 59 нафар аз беморони мубтало ба Ковид-19 беҳбуд ёфта ва ё аз бемористонҳо тархис шуданд.
161 нафар аз беморон дар бахшҳои муроқибатҳои махсуси бемористонҳо таҳти муроқибат қарор доранд.
Густариши вируси корона ҷони 6 миллиону 543 ҳазору 220 нафаро дар сатҳи ҷаҳон гирифта аст.
Вируси Ковид-19 чаҳор ҷаҳиши генетикии хатарнок шомили Алфа, Бета, Гома ва Делта дошта ва Омикрон ҷадидтарин навъи густаришёфтаи ин вирус аст.
Бештар бихонед: