Интиқоми хуни шуҳадои ҷинояти ҷумъаи сиёҳи Зоҳидонро дастури кори худ медонем
(last modified Sat, 01 Oct 2022 15:07:33 GMT )
Октябр 01, 2022 20:07 Asia/Dushanbe
  • Интиқоми хуни шуҳадои ҷинояти ҷумъаи сиёҳи Зоҳидонро дастури кори худ медонем
    Интиқоми хуни шуҳадои ҷинояти ҷумъаи сиёҳи Зоҳидонро дастури кори худ медонем

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар паёме таъкид кард: Интиқом аз хуни шуҳадои Сипоҳ ва пасиҷ ва марумоне, ки қурбонии ҷинояти ҷумъаи сиёҳи Зоҳидон шудандро дар дастури кори худ медонем.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, генерал Ҳусайни Саломӣ дар паёме бо табрик ва таслияти шаҳодати мазлумони посдорон ва басиҷиёни ҳарими амният дар дифоъ аз амният ва оромиши мардуми Зоҳидон таъкид кард: Ба мардуми устони Систон ва Балучистон итминон медидам роҳи муқобилаи бевақфа бо тавтеаҳои истикбори ҷаҳонӣ ва террористҳои муздур ва аҷиршудаи сервисҳои амниятии бегона то сарҳади шаҳодат идома хоҳад дошт.

Дар ин паём омада аст: Шаҳодати мазлумонии посдорон ва басиҷиёни ҳарими амният, сардори рашиди ислом Сайидҳамидризо Ҳошимӣ, муъовини иттилоъоти Сипоҳи салмони устони Систон ва Балучистон ва ҳамразмони шаҳидаш Муҳаммадамини Озаршукр, Саъидбурҳонзеҳи Реги ва Муҳаммадамини Ориф дар майдони пурифтихори дифоъ аз амният ва оромиши мардуми фаҳим ва ғаюри Зоҳидонро ба Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, миллати шариф ва муҷоҳиди Эрони исломӣ ба вижа хонаводаи муъаззами онҳо табрик ва таслият арз менамоям.

Фармондеҳи кулли Сипоҳ дар поёми худ оварда аст: Мардуми устони Систон ва Балучистон бо ҳофизони амният ва назми ҷомеъа дар лаҳзаҳои ҳасос пас аз воқеъаи талх ва ногувории ахир, ки дастҳои палиди сардамдорони низоми султа ва истикбор ба вижа ҳокимони режими террористпарвари Амрико ва давлати ҷаъли ва ҷинояткори саҳюнистӣ дар фармондеҳии террористҳои таҷзияталаб ва бақои гуруҳакҳои хоину хабис ва террористӣ Абдулмалики Регии маъдум дида мешавад ҳамкори карданд.