Ба ҳалокат расондани омилони шаҳодати муъовини иттилооти Сипоҳи Систон ва Балучистон
(last modified Sun, 02 Oct 2022 04:40:15 GMT )
Октябр 02, 2022 09:40 Asia/Dushanbe
  • Генерал Сайдалӣ Мусавӣ, муъовини иттилоотии Сипоҳи Салмони Систон ва Балучистон дар муқобила бо ин террористҳо ба шаҳодат расид
    Генерал Сайдалӣ Мусавӣ, муъовини иттилоотии Сипоҳи Салмони Систон ва Балучистон дар муқобила бо ин террористҳо ба шаҳодат расид

Манобеъи хабари аз ба ҳалокат расидани омили шаҳодати муъовини иттилооти Сипоҳи устони Систон ва Балучистон хабар дод.

Дар пайи даргирие, ки байни террористҳо ва душманон бо авомили амниятӣ ва интизомӣ рӯзи ҷумъа дар шаҳри Зоҳидон ва дар наздикии масҷиди Макки рӯӣ дод генерал Сайдалӣ Мусавӣ, муъовини иттилоотии Сипоҳи Салмони Систон ва Балучистон дар муқобила бо ин террористҳо ба шаҳодат расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон генерал Мусавӣ дар даврони хидмат дар Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ хадамоти арзишманд ва нақшофариниҳои фадокоронае дар дифоъ аз инқилоб ва низоми муқаддаси Ҷумҳурии Исломӣ ва ҳифзу таъмини амнияти устон ва хидмат ба мардуми минтақа ифо карда аст ва гурӯҳакҳои зидди инқилоб ва террористӣ аз вай зарбаҳои муҳками хурданд.

Як манбаъи огоҳ эълом кард, ки омили шаҳодати муъовини Сипоҳи Салмони Систон ва Балучистон, ки як тактирандоз буд ва ба сурати ҳадафманд иқдом ба шилик карда буд ба ҳалокат расида аст.