Раисӣ: Тавтеаи душманон барои мунзавӣ кардани Эрон шикаст хӯрд
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба тавтеъаҳои ахири душманон барои зарба задан ба кишвар гуфт, тавтеъаи душманон барои мунзавӣ кардани Эрон шикаст хӯрд.
Дар рӯзҳои ахири аносури иғтишошгар бо таҳрики расонаҳои маонид ва зидди инқилоб ҳамчунон ба баҳонаи фавти Маҳсо Аминӣ дар бархе шаҳрҳои Эрон бо ҳузур дар хиёбонҳо ба тахриби амволи умумӣ иқдом мекунанд.
Оташ задани худрав, мотор, бонкҳо ва ҳадафи қарор додан нерӯҳои полису амнияти Эрон, иқдомоти аносури иғтишошгар дар рӯзҳои ахир барои эҷоди руъбу ваҳшат дар ҷомеъа будааст.
Мурӯре бар таъсири фазои маҷозӣ бар ҷараёни ахир нишон медиҳад, ки шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ, ки аз хориҷ аз кишвар мудирият мешавад, дар шаклдиҳии эътирозоту кашондани он ба раванде хушунатомез ва ситезаҷӯёна нақши асосӣ доштаанд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳадафи душман аз тарроҳии тавтеъаи ҷадидро боздоштани кишвар аз пешрафт донист ва изҳор кард, замоне, ки Ҷумҳурии исломӣ дар ҳоли пушти сар гузоштани мушкилоти иқтисодӣ ва фаъол шудан барои ҳузури бештар дар минтақа ва ҷаҳон буд, душманон ба қасди инзивои кишвар вориди майдон шуданд, аммо дар ин тавтеъа шикаст хӯрданд.
Раисӣ бо ишора ба ҷанҷоли расонаии ғарб алайҳи Эрон ва меъёрҳои дугонаи онҳо тасреҳ кард, бо инки дар Эрон мавзӯи ҷон бохтани хонум Маҳсо Аминӣ ба таври комилу дақиқ дар ҳоли пайгирӣ аст ва тамоми масъулон бар он таъкид кардаанд, аммо душман дар ҳоле бо тадоруки иқдомоти густардаи расонаӣ дар талош барои инҳирофи афкор умумӣ аст, ки ҷамъе аз духтарони афғонстонӣ ба дасти гуруҳҳои террористии мавриди ҳимояти Амрико дар як омӯзишгоҳ ба хоку хун кашида мешаванду вокунише аз тарафи ин муддаиён дида намешавад.