Октябр 04, 2022 13:44 Asia/Dushanbe
  • Эрон дар чаҳор даҳҳаи гузашта гомҳои пайваста ва рӯ ба пешрафтеро дар заминаи дастёбӣ ба фанноварии фазоӣ бардоштааст
    Эрон дар чаҳор даҳҳаи гузашта гомҳои пайваста ва рӯ ба пешрафтеро дар заминаи дастёбӣ ба фанноварии фазоӣ бардоштааст

Намӯнаи озмоиши " булуки интиқолии мадори Сомон" бо ковушгари зермадори Сомон ба ҳиммати Вазорати дифоъи Эрон бо муваффақият партоб ва мавриди озмӯн қарор гирифт.

Ба гузориши Садои Хуросон, бо талоши мутахасисони Созмони саноъеи ҳавофазои Вазорати дифоъ ва ҳамкории пажуҳишгоҳи фазоии Эрон, намӯнаи озмоишии " блуки интиқолии мадори Сомон" ки барои ҷобаҷоии моҳвора дар байни  мадороҳои мухталифи замини истифода мешавад, бо ковушгари зермадори Сомон бо муваффақият партоб ва мавриди озмӯн қарор гирфт.

Бар асоси ин гузориш, амалкарди зерсистемҳои намунаи муҳандисии булуки интиқолии мадори "Сомон" дар шароити наздик ба шароити фазоӣ озмоиш ва додабардории комил аз амалкарди ин булук анҷом шуд ва амалкарди он дар шароити амалиёти дар иртиқои боло ба исбот расид.

Вазорати дифои Эрон низ дар баёние эълом кард, дар тароҳи ва сохти булуки интиқолии мадори Сомон, ки барои афзоиши иртиқои мадори моҳвораҳо мавриди истифода қарор мегирад, аз фанновариҳои пешрафтае истифода шуда, ки танҳо дар инҳисори теъдоди маҳдуде аз кишварҳо аст.

Ин баёния меафзояд, бо ин партоб як марҳилаи муҳим аз тавсиаи булуки иниқолии мадори такмил шуд то дар оянда шоҳиди баҳрагирии амалиёти аз ин фанноварии пешрафта дар партобҳои фазоии Эрон бошем.

Эрон дар чаҳор даҳҳаи гузашта гомҳои пайваста ва рӯ ба пешрафтеро дар заминаи дастёбӣ ба фанноварии фазоӣ бардоштааст.

Ҳарчанд душманон бо анвоъи таҳримҳо талош кардаанд монеъ аз пешрафтҳои иқтисодӣ ва илмӣ аз ҷумла дар санъати фазоии Эрон шаванд, аммо бо вуҷӯди тамоми маҳдудиятҳо ва фишорҳо, Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ба анвоъи фанновариҳои фазоӣ ва муртабит бо фазо даст ёфтааст, ки бояд онро муваффақияти бузурге барои Эрони Исломӣ донист.

Тафовути барномаи фазоии Эрон бо соири кишварҳои минтақаи Ғарбӣ Осиё ин аст, ки Эрон бар тавони дохилии худ устувор буда ва аз фанноварии бумӣ ва дохилии худ баҳра ҷустааст.

Бештар бихонед: