Октябр 05, 2022 18:49 Asia/Dushanbe
  • 235 маҷруҳ дар заминларзаи 5.4 бали дар шимоли ғарби Эрон
    235 маҷруҳ дар заминларзаи 5.4 бали дар шимоли ғарби Эрон

Заминларзаи 5.4 бали чаҳоршанбе, ки дар устони Озарбойҷони Ғарби шимоли ғарби Эрон рӯй дод 235 маҷруҳ бар ҷой гузошт.

Заминларза ба бузургии 5.4 балии шимоли устони Озарбойҷони Ғарбиро ларзонд.

Бар асоси эъломи маркази заминларзанигории Эрон соати 3:51 субҳи рӯзи чаҳоршанбе дар умқи 10 километрии замин ба вуқуъ пайваст.

Бин бар эъломи Муҷтабо Холидӣ, сухангӯи Вазораи беҳдошту дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон дар пайи вуқуи заминларзаи 5.4 балии дар устони Озарбойҷони Ғарби 235 нафар ба марокизи дармонӣ муроҷеъа карданд, ки аксари афрод ҷароҳатҳои сатҳи доштанд ва ба хотири фирор аз заминларза дучори осиб шуданд.

То кунун 20 пас ларза бо шиддати камтар аз 4 бал ба сабт расида аст.

 

Барчасп