Октябр 06, 2022 11:26 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Раисӣ бар тадовуми баргузории нишастҳои муштараки Эрону Тоҷикистон

Раисиҷумҳури Эрон бо ирсоли паёме ба ҳамтои тоҷики худ гуфт: Умедворам бо тадовуми дидорҳои мақомоти ду кишвар ва баргузории нишастҳои муштарак, шоҳиди марҳалаи ҷадиде аз ҳамкориҳо бо ҳадафи таъмини манофеи мутақобил ва тақвияти сулҳу субот минтақа бошем.

Саидиброҳими Раисӣ, раисиҷумҳури Эрон дар паёме фаро расидани солрӯзи таваллуди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро табрик гуфт.

Бар асоси гузориши дафтари матбуотии раёсатиҷумҳурии Тоҷикистон, дар паёми раисиҷумҳури Эрон омадааст:

Салом алайкум

Фаро расидани солрӯзи таваллуди ҷаноби олиро самимона табрик мегӯям.

Равобити дӯстона ва бародаронаи ду кишвар дар сояи пайвандҳои амиқи фарҳангӣ, таърихӣ, тамаддунӣ ва забонии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон раванд бисёр хуберо таҷриба кардааст. Умедворам бо тадовуми дидорҳои мақомоти ду кишвару баргузории нишастҳои муштарак, шоҳиди марҳалаи ҷадиде аз ҳамкориҳо бо ҳадафи таъмини манофеи мутақобилу тақвияти сулҳу субот минтақа бошем.

Аз даргоҳи Худованди мутаъол саломатӣ ва муваффақияти он ҷаноб ва беҳрӯзӣ ва сарафрозии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро масъалат дорам.

Бинобари суханони Абдулфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ҳафтодумин солгарди худро дар маҳфили фарзандону ақвом ҷашн хоҳад гирифт.

Ба гуфтаи вай, рӯзи таваллуд барои раиси ҷумҳури Тоҷикистон як рӯзи кории одӣ аст ва ҳеҷ барномае дар кишвар ба муносибати таваллуди вай дар назар гирифта нашудааст.