Иҷтимои бузурги мунтазирони зуҳӯр дар масҷиди муқаддаси Ҷамкарон
Иҷтимои бузурги мунтазирони зуҳӯр ҳамзамон бо оғози имомати ҳазрати Маҳдӣ (а) дар масҷиди муқаддаси Ҷамкарон, ҷануби Теҳрон, баргузор шуд.
9 рабеъ ул аввали 1444 ҳиҷрии қамарӣ, оғози имомати ҳазрати Меҳдӣ (а) аст.
Пас аз шаҳодати ҳазрати имом Ҳасани Аскарӣ (а), дар ҳаштуми рабеъ ул аввали соли 260 ҳиҷрии қамарӣ, фарзанди эшон ҳазрати Меҳдӣ (а) ба имомат расиданд.
Хабари шаҳодати имом Аскарӣ (а) дар саросари шаҳри Сомиро печиду мардум ба эҳтироми эшон азодорӣ карданд.
Ҳазрати Меҳдӣ (а) баъд аз намоз хондан бар пайкари падари бузургворашон, ба изни Худованд аз назарҳо пинҳон шуданд, аз ин замон буд, ки даврони ғайбати аввалияи ҳазрати Меҳдӣ (а) оғоз шуд, ки ба ғайбати суғро маърӯф шудааст.
Даврони ғайбати суғрои ҳазрати Меҳдӣ (а) аз соли 260 ҳиҷрии қамарӣ, оғоз шуд ва то соли 329 ҳиҷрии қамарӣ идома дошт.
Ҳазрати Меҳдӣ (а), дар ин айём ба воситаи ноибҳои хоссаи худ бо мардум дар иртибот буданд то онки дар соли 329 ҳиҷрии қамарӣ, дигар намояндаи мустақиме, муаррифӣ накарданд ва ғайбати тӯлонии эшон оғоз шуд.
Ҳамаи адёни илоҳӣ ояндаи башарро равшану ҳамроҳ бо сулҳ, сафо, оромиш, амнияту густариш адолат медонанд; ояндае, ки бо зуҳӯри имом маҳдӣ(а), аҳли ботил ва зулму ситам нобуд мешаванд ва адолат фарогир мешавад.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, шомгоҳи чаҳоршанбе дар шаби оғози имомати имом Маҳдӣ (а), масҷиди муқаддаси Ҷамкарон шоҳиди ҳузури пуршӯри алоқамандону ошиқони имом Маҳдӣ (а) буд ва ба ҳамин муносибат вижабарномаҳое аз сӯи масъӯлони ин масҷиди муқаддас баргузор шуд.