Тамоми душманон барои ноамн кардани Эрони Исломи ба майдон омаданд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i92290-Тамоми_душманон_барои_ноамн_кардани_Эрони_Исломи_ба_майдон_омаданд
Ҷониши фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо ишора ба иғтишошоти ахир дар бархе аз шаҳрҳои Эрон гуфт дар ин фитна тамоми душманон барои ноамн кардани Эрони Исломи ба майдон омаданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 06, 2022 21:30 Asia/Dushanbe
  • Тамоми душманон барои ноамн кардани Эрони Исломи ба майдон омаданд
    Тамоми душманон барои ноамн кардани Эрони Исломи ба майдон омаданд

Ҷониши фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо ишора ба иғтишошоти ахир дар бархе аз шаҳрҳои Эрон гуфт дар ин фитна тамоми душманон барои ноамн кардани Эрони Исломи ба майдон омаданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, генерал Алӣ Фадавӣ ҷонишини фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон рузи панҷшанбе дар маросими гиромидошти шуҳадои иғтишошоти Зоҳидон беш аз 43 сол аст ҳамаи органҳои низоми муқадаси Ҷумҳурии Исломи пойи коранд то душман ба амнияти миллати Эрон хадша ворид накунад.

Генерал Фадавӣ таъкид кард аз рузи аввали пирузии инқилоби исломи аёди истикбор фаҳмиданд, ки инқилоби исломи ва амнияти он решадор аст ва аз ҳамон аввал то кунун Амрико аз душмани бо миллати Эрон даст бар надоша аст.

Ҷонишини фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон таъкид кард бо ҳушёрии мардум ва иқтидори неруҳои низоми ва амниятии Эрони Исломи душманон то кунун ба ҳеҷ як аз ҳадафҳои бади ва палидашон дар робита бо ноамн кардани кишвар даст наёфтанд.