Октябр 07, 2022 19:23 Asia/Dushanbe
  • Мақоми тоҷик: Эрон ва Тоҷикистон арзишҳои муштараки тамаддунӣ доранд

Мушовири вазири фарҳанги Тоҷикистон бо баёни арзишҳои муштараки тамаддунии кишвараш ва Эрон ва ҳамчунин бо ишораи инки ин арзишҳои муштарак дар таъмини амнияти мутақобил муассир буда ва дар рушди тамаддун ҳам нақши созанда дорад, гуфт, ҳар як аз инҳо низ дар арзишҳои маънавӣ ва фарҳангии пайванди амиқ доранд.

Ба гузориши ИРНА, Ибодуллоҳ Машраб, мушовири вазири фарҳанги Тоҷикистон панҷшанбешаб дар ойини гиромидошти Ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон дар Шероз гуфт, амнияти мутақобил барои ҳар ду кишвари Эрону Тоҷикистон зарурат дорад, Ҷумҳурии исломӣ ҳомии кишвари Тоҷикистон аст ва агар бадхоҳе барои кишвари дӯст пайдо шавад, мудофеъи он хоҳад буд.

Машраб дар ин маросим афзуд, ҷои басе хушҳолист, ки сарони ду кишвар ҳамчун раисиҷумҳури кишвари Тоҷикистону раисиҷумҳури Эрон робитаи бисёр хубе бо якдигар доранд.

Вай гуфт, ду кишвар дар ҷиҳати рушду тавсеа ва таҳкими равобит тадбирҳои амалӣ андешидаанд ва ба ҷойгоҳи болое даст ёфтаанду баргузории рӯз ва Ҳафтаи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари Эрон, аз ҷумлаи иқдомот ва тавофуқоти ду ҷонибаи кишвар аст ва дар ояндаи наздик низ баргузории ҳафтаи рӯйдоди фарҳангии Эрон дар кишвари Ҷумҳурии Тоҷикистон маддиназар аст.