Намоишгоҳи тозатарин фанновариҳои шаҳрӣ дар Машҳад
Тозатарин дастовардҳои пажeҳишӣ – фаннӣ дар заминаи фановарии шаҳрӣ дар намоишгоҳи байналмилалии Машҳад (шимоли шарқи Эрон) дар маърази диди коршиносон ва муҳаққиқони дохилӣ ва хориҷӣ қарор гирифтааст.
Ба гузориши хабарнигори радиои тоҷикӣ, дар ин намоишгоҳ, ки то ду рӯзи дигар барпост, имкони табодули андеша ва навоварӣ ва ҳамкории муштарак дар бораи тавлидоти санъатӣ ва эҷоди заминаи мушорикат бо сармоягузорони эронӣ ва хориҷӣ фароҳам шудааст.
Ҳамчунин ҷадидтарин тозаҳои нашр аз кишварҳои хориҷӣ назири Олмон, Фаронса ва Русия дар маърази боздидкунандагон қарор гирифтааст.
Воҳиди пажуҳиш ва навоварии шаҳрдории Машҳад ҳам, ки аз ҷумлаи ширкаткунандагон дар ин маҷмуа аст, бо ироаи иқдомоти навоваронаи худ дар заминаи фанноварии шаҳрӣ, ҳамлу нақли рейлӣ ва таҷҳизот ва имконоти трафики шаҳрӣ бо истиқболи умуми боздидкунандагони дохилӣ ва хориҷӣ рӯ ба рӯ шудааст.
Доктор Яғмо, раиси пажуҳиш ва навоварии шаҳрдории Машҳад дар мусоҳиба бо хабарнигори радиои тоҷикӣ бо ташреҳи навовариҳои суратгирифта дар ин ҳавза, барои мушорикат ва сармоягузории ниҳодҳо ва созмонҳои дигари кишварҳо ба вижа Тоҷикистон эъломи омодагӣ кард.