Зарурати густариши муносиботи фарҳангӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон
(last modified Sat, 08 Oct 2022 07:23:21 GMT )
Октябр 08, 2022 12:23 Asia/Dushanbe
  • Зарурати густариши муносиботи фарҳангӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон

Устондори Озарбойҷони шарқии Эрон дар ойини Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Табрез, бар лузӯми густариши муносиботи фарҳангии ду ҷониба таъкид кард.

Бо ҳамкории вазоратхонаҳои фарҳангии Эрону Тоҷикистон ва Созмони фарҳанг ва иртибототи исломии Эрон, Ҳафтаи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сеюм то ҳаштуми октябр дар шаҳрҳои Теҳрон, Табрез ва Шероз баргузор мешавад.

Ба гузориши ИРНА, Обидини Хуррам, устондори Озарбойҷони шарқии Эрон дар ин ойин аз ҳунар ба унвони забони муштарак миёни миллатҳо ном бурд ва изҳор кард, забони фарҳанг ва ҳунар метавонад, заминасозу омили рушди башарият бошад.

Устондори Озарбойҷони шарқии Эрон бо баёни инки ниёзманди густариши муносиботи фарҳангӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон ҳастем тасреҳ кард, таъриху тамаддуни дерини ин ду кишвар вуҷӯҳи муштараки бисёреро намоён мекунад, ки ҳар як барои таъмиқи таъомулот дар арсаҳои мухталиф қобили баррасӣ аст.

Ҳеҷ кишваре ба андозаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон иртиботи наздик ва дилбастагӣ надорад ва иллати он ҳам қаробатҳои нажодӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, динӣ ва забонии миллатҳои ду кишвар аст.

Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон низ Тоҷикистон аз ҷойгоҳи болое бархӯрдор аст ва раҳбари муаззами инқилоби исломӣ аз равобити ду кишвар ба "равобити хешовандӣ" ёд кардаанд.

Бештар бихонед: