Октябр 08, 2022 12:42 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 180 дарсадии содироти Эрон ба Русия

Вазири санъат, маъдану тиҷорати Эрон аз афзоиши 180 дарсадии содирот ба Русия хабар дод.

Эрону Русия дар заминаҳои дуҷониба бавижа равобити иқтисодӣ, низомӣ ва амниятӣ ва ҳамчунин дар бораи масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ, ҳамонанди муқобила бо як ҷонибагароии Амрико, иштироки манофе роҳбурдӣ доранд ва ин аз авомили аслии ҳамкории наздики ду тараф дар солҳои ахир будааст.

Ба гузориши равобит умумии вазорати санъат, маъдану тиҷорат, Саидризо Фотимии Амин, вазири санъат, маъдану тиҷорати Эрон гуфт, содироти Эрон ба Русия аз 21 март то 21 августи 2022, 180 дарсад нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта рушд доштааст.

Вай афзуд, аз 21 март то 21 августи  2022 маҷмуи содироти Эрон ба кишварҳои мухталиф, 24 дарсад нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта рушд доштааст.

Давлати сездаҳуми Эрон аз замони оғоз ба кор дар 3 августи 2021 , бо эъломи барқарории тавозун дар сиёсати хориҷӣ, густариши ҳамкорӣ бо ҳамсоягон ва кишварҳои минтақаро дар авлавияти барномаҳои хориҷиаш қарор дод.

Сиёсати минтақагароӣ, нигоҳ ба Шарқ, мушорикат дар созмонҳо ва ниҳодҳои минтақаӣ ва фароминтақаӣ, назири Паймони Шанхай ва Созмони ҳамкории иқтисодии ЭКО, аз ҷумла масодиқи мутавозинсозии сиёсати хориҷии Эрон аст, ки аз сӯи давлати сездаҳум дунбол мешавад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп