Октябр 09, 2022 17:54 Asia/Dushanbe
  • Тафсир: Беморони хос; қурбониёни таҳримҳои Ғарб алайҳи Эрон

Сухангӯи давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, Ғарб бо наслкушии беморон аз эрониҳо интиқом мегирад.

Алӣ Баҳодурии Ҷаҳрумӣ, сухангӯи давлати Эрон дар ҳисоби корбарии худ дар “Твиттер” навишт:  70 нафар дар соли 1397, 90 нафар дар соли 1398, 140 нафар дар соли 1399 ва соли гузашта (1400) 180 бемории толосамӣ бо таҳрим фавт карданд. Ба ин омор, парвонаиҳо ва ҳамаи ниёзмандони доруҳои хосро изофа кунед.

Ин изҳороти сухангӯи давлати Эрон бори дигар таъсири мустақими таҳримҳои ғайриқонӯнӣ ва якҷонибаи Ғарб бавижа Амрикоро дар ҳавзаи саломату беморон дар Эрон нишон медиҳад. Ин дар ҳоле аст, ки ғарбиҳо муддаиянд, дорӯ ҳеҷ гоҳ дар феҳристи таҳримҳо набудааст, аммо дар амал бо таҳрими бонкҳо ва мушкилоти эҷод шуда дар мубодилоти пулӣ, имкони таҳияи дору барои мубталоён ба бемориҳои хос ва саъбулилоҷ, сахт ва дар бархе мавориди ғайри мумкин шудааст. Натиҷаи ин таҳримҳо, таҳдиди ҷони даҳҳо ҳазор нафар аз беморон, аз ҷумла мубталоён ба толосмӣ, саратону беморони парвонаӣ дар Эрон аст.

Дар воқеъ, бо вуҷуди иддаои Амрико мабнӣ бар таҳрим набудани таҷҳизоти дармонӣ ва доруӣ, бисёре аз бонкҳо, муассисоту ширкатҳо аз тарси муҷозоти эҳтимолӣ, дар тиҷорат бо Эрон бисёр муҳтотона амал мекунанд; ба унвони мисол ширкати шветсияии " Molnlycke" аз ирсоли бондҳои пизишкӣ барои беморони парвонаӣ(EB ) дар Эрон ба далели таҳримҳои Амрико худдорӣ кардааст. Ин дар ҳоле аст, наздик ба 1200 бемори парвонаӣ дар Эрон ба ин бондҳои пизишкӣ, ниёзи фаврӣ доранд.

Таъсири таҳримҳо фақат мухтас ба беморони парвонаӣ нест, балки мубталоён ба толосамӣ ва дигар афроди мубтало ба бемориҳои хос низ дар натиҷаи ин таҳримҳо, дар маърази хатари ҷонӣ ҳастанд.  Юнус Араб, мудир омил ва узви ҳайати мудираи Анҷумани толосамии Эрон бо ишора ба вазъияти таъмини доруҳои беморони толосамӣ, бо таъкид бар инки мутолиъот нишон додааст, ки байни 10 то 35 дарсад аз беморони толосамӣ ба таносуби навъи дорӯи масрафӣ, имкони масрафи дорӯи тавлиди дохилиро надоранд, гуфтааст: «Дар таҳримҳои золимона алайҳи кишвар ва адами имкони воридоти доруҳои беморони толосамӣ, мумкин буд як наслкушӣ дар беморони толосамӣ иттифоқ уфтад. Бояд таваҷҷуҳ кард, ки 8 ҳазор бемори толосамӣ ба далели таҳримҳо осеб диданд фавтиҳои зиёде ҳам доштем.»

Бинобар ин таҳримҳои якҷонибаи Амрико алайҳи Эрон, ки бо таҳдиди соири кишварҳо ва ҷилавгирӣ аз ироаи хадамот ва таҷҳизи марокизи дармонӣ ва беҳдоштӣ ва фурӯши доруҳои хос ва фаврӣ ва интиқоли таҷҳизоти озмоишгоҳӣ ҳамроҳ будааст, табаоти манфӣ бар саломати мардум дошта ва мӯҷиби ҷон бохтани бисёре аз беморон шудааст, ки ин намунаи боризи нақзи ҳуқуқи башар ва рафтори зидди ҳуқуқи башарии Амрико ва ҳампаймонони ин кишвар маҳсӯб мешавад.