Равобити Эрон бо Толибон бастагӣ ба рафтори онон бо мардуми Афғонистон дорад
Узви Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон гуфт, сиёсати кунунии Эрон ироаи кумакҳои ҳамаҷониба ба мардуми Афғонистон барои ҷилавгирӣ аз бурузи фоҷеаи инсонӣ аст.
Ҷалил Раҳимии Ҷаҳонободӣ, узви Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар дидори Ҳидее Икебе, раиси дафтари ҳайати муовинати Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон (UNAMA) афзуд: ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҷилавгирӣ аз густариши буҳрон дар Афғонистон бо якдигар ҳамкорӣ кунанд.
Раҳимии Ҷаҳонободӣ бо баёни ин ки Эрон барои шиносоии Толибон мунтазири иқдомоти амалии ҳокимонаш аст, изҳор дошт, Ҷумҳурии исломии Эрон барои чанд даҳа ҳомиву мизбони мардуми Афғонистон буда ва дар ҳадди тавон имконоти маишатӣ, беҳдоштӣ ва омӯзиширо барои онҳо фароҳам карда ва акнун мизбони беш аз 5 миллион шаҳрванди Афғонистон аст.
Раҳимии Ҷаҳонободӣ бо таъкид бар ин ки тамаркузи Амрико таъдили қудрати Русия ва Чин будаву Афғонистонро ба Толибон супурдааст, афзуд: Амрико аз сӯи дигар дар талош аст қудрати ДИИШ-ро зинда карда то битавонад минтақаро ноором кунад.
Ҳидее Икебе низ бо қадрдонӣ аз Ҷумҳурии исломии Эрон барои пазириш ва ҳимоят аз миллионҳо афғонистонӣ гуфт: Бояд аз мардуми Афғонистон ҳимоят кард ва Созмони Милали Муттаҳид дар фикри роҳи ҳалле барои кумакрасонӣ ба мардуми Афғонистон бо вуҷуди мавонеи ҳукумати Толибон аст.