Октябр 11, 2022 09:55 Asia/Dushanbe
  • Устони Исфаҳон дар марказӣ Эрон воқеъ аст ва беш аз панҷ миллиону 300 нафар ҷамъият дорад
    Устони Исфаҳон дар марказӣ Эрон воқеъ аст ва беш аз панҷ миллиону 300 нафар ҷамъият дорад

Беш аз 35 ҳазор гардишгари хориҷӣ дар шаш моҳи гузашта ба устони Исфаҳони Эрон сафар кардаанд.

Ба гузориши Садои Хуросон, Алиризои Яздӣ мудири кулли меъроси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии устони Исфаҳони Эрон гуфт, вурӯди гардишгарони хориҷӣ ба устони Исфаҳон дар шаш моҳи гузашта нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта, рушди 2 баробари доштааст.

Мудири кулли меъроси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва соноъеи дастии устони Исфаҳони Эрон тасреҳ кард, гардишгароне, ки аз кишварҳои Бразиля Кулумбиё ҳам ба устони Исфаҳон сафар кардаанд, ки ин як иттифоқи хуб дар ҳавзаи гардишгарӣ аст.

Устони Исфаҳон дар марказӣ Эрон воқеъ аст ва беш аз панҷ миллиону 300 нафар ҷамъият дорад.

Исфаҳон ба сабаби танавуъи маконҳои диннӣ, ҷозибаҳои туристӣ ва меъморию ҳунари зебои эронӣ, пойтахти гардишгарии Эрон номида мешавад.

Бештар бихонед:

Рушди 40 дарсадии санъати гардишгарии Эрон

Барчасп