Эҳзори сафири Британия дар Теҳрон ба Вазоратхонаи Эрон
Пайрави эломи таҳримҳои худсарона ва беасоси Лондон алайҳи чан мақом ва воҳиде аз як ниҳоди Ҷумҳӯрии Исломии Эрон, Саймон Шерклифф сафири Британия дар Теҳрон ба Вазорати умури хориҷаи Эрон эҳзор шуд.
Давлати Британия дар пайи мудохилаҷуйиҳои ахир дар бораи иғтишошоти ахир дар Эрон, рӯзи душанбе полиси амнияти ахлоқи ва чанд мақоми аршади амниятӣ ва сиёсии Эронро дар феҳристи таҳримҳо қарор дод.
Ба гузориши Садои Хуросон, дар ин мулоқот маротиби эътирози шаддиди Теҳрон ба Британия ба хотири мудохила дар умури дохилии Ҷумҳурии Исмломии Эрон ба Саймон Шерклифф эълом ва иқдомоти мудохилонаҷуёнаи он кишвар маҳкум шуд.
Ҳамчунин ба сафири Британия эълом шуд Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ҳаққи худро барои иқдоми мутақобил маҳфӯз медорад ва Саймон Шерклифф ҳам гуфт, ки маротибро билофосила ба Лондон мунъакис хоҳад кард.
Ин севвумин бор зарфи се ҳафтаи ахир аст, ки сафири Британия ба Вазоратхонаи хориҷа эҳзор мешавад.
Саймон Шерклифф 24-уми сентябр дар пайи фазосозиҳои мухариби расонаҳои форсизабони муқими Лондон ва 5-уми октябр низ дар пайи мудохилаҷӯйиҳои мақомоти ин кишвар дар бораи таҳавулоти дохилии Эрон ба Вазоратхонаи хориҷаи Эрон эҳзор ва эътирози шаддиди Теҳрон ба вай иблоғ шуд.
Бештар бихонед:
- Эҳзори кордор сафорати Фаронса ба Вазорати умури хориҷаи Эрон
- Эҳзори сафирони Англия ва Норвегия ба вазорати хориҷаи Эрон