Таҳлил; Британия ва идомаи мудохилаҷӯиҳо дар Эрон
Сафири Британия дар Эрон барои сеюмин бор тайи се ҳафтаи ахир ва дар пайи эъмоли таҳримҳои худсаронаи он кишвар, ба вазорати хориҷа эҳзор ва ба вай эълом шуд, Эрон ҳаққи худро барои иқдоми мутақобил маҳфӯз медорад.
Давлати Британия дар пайи мудохилаҷӯиҳои ахир дар бораи иғтишошоти ахир дар Эрон, рӯзи душанбе полиси амнияти ахлоқӣ ва чанд мақоми аршади амниятӣ ва сиёсии Эронро дар феҳристи таҳримҳо қарор дод. Ба дунболи ин иқдоми давлати Британия, Саймон Шерклифф, сафири ин кишвар дар Теҳрон ба вазорати умӯри хориҷаи Эрон эҳзор ва ба эълом ӯ шуд, Эрон иқдомоти мудохилаҷӯёнаи он кишварро қавиян маҳкӯм мекунад.
Шерклифф 24 сентябр дар пайи фазосозиҳои мухарриби расонаҳои форсизабони муқими Лондон ва 5 октябр низ дар пайи мудохилаҷӯиҳои мақомоти Британия дар борат таҳаввулоти дохилии Эрон, ба вазорати хориҷа, эҳзор ва эътирози шадиди Теҳрон ба вай иблоғ шуд.
Дар пайи бархе иғтишошот дар шаҳрҳои Эрон, ки умдатан бо таҳрики ғарбиҳо ва авомили фиребхӯрда дар дохили кишвар идома ёфт, кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Британия ва Амрико бори дигар бо ташдиди таҳримҳо ва дахолат дар умӯри дохилии Эрон саъй карданд, ҳам ба ин нооромиҳо доман бизананд ва ҳам онро фурсате барои афзоиши фишорҳои сиёсӣ ва амтёзгирӣ аз давлати Эрон ёфтанд.
Албатта Британия пешинае тӯлонӣ дар мудохила ва анвоъи тавтеаҳо алайҳи Эрон дорад; яке аз намунаҳои боризи он марбӯт ба интихоботи давраи даҳуми раёсатҷумҳурии Эрон дар соли 1388 аст, пеш аз ин интихобот, Британия бо эъзоми сафири ҷадиди худ бо номи Саймон Гес ба Теҳрон саъй кард дар интихобот нақшофаринӣ кунад. Мутаъоқиби баргузории интихоботи даҳум ва фитнаи пас аз он, нерӯҳои вобаста ба сафорати Британия дар Теҳрон ба дастури Лондон вуруди чашмгире дар мавзӯе, ки сирфан дохилӣ буд, доштанд ва барои аввалин бор чанд корманди маҳаллии сафорати Британия тавассути нерӯҳои амниятии Эрон дастгир ва ду дипломати англисӣ низ ба далели амалкарди мудохилаҷӯёнаашон аз кишвар ихроҷ шуданд.
Дар ҳафтаҳои ахир низ давлати Британия бо иттихози рӯйкарде мудохилаҷӯёна ба ҳимоят аз иғтишош ва ноамнӣ дар Эрон пардохта ва дар ин росто аз таҳрим ва абзорҳои сиёсӣ ва расонаии худ истифода кардааст, ин дар ҳоле аст, ки Британия дар ин муддат ҳатто ба вазифа ва таъаҳҳудоти худ дар таъмини амнияти амокини дипломатӣ низ амал накарда ва ба далели эҳмоли полиси ин кишвар, сафорати Эрон дар Лондон чандин навбат мавриди таъарруз қарор гирифтааст.
Дэйвид Миллер, ҷомеъашинос ва коршиноси масоили сиёсӣ дар Англия дар бораи мавозеъи ахири кишварҳои ғарбӣ алайҳи Эрон мегуяд: Асли моҷаро ин аст, ки онҳо ба дунболи ташдиди таҳримҳо буданд ва аз ин рӯ, иғтишошот дар Эронро ба роҳ андохтанд. Мухолифони БарҶом низ ки ба дунболи харобкорӣ дар раванди музокирот буданд аз ин вазъ сӯд бурда ва талош мекунанд то Эронро мунзавӣ кунанд.
Бадаҳест, ин мудохилаҷӯиҳо ва эъмоли таҳримҳо аз сӯи давлатҳои ғарбӣ, аз ҷумла Британия дар ҳоле сӯрат гирифтааст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон низ борҳо нисбат ба ҳаргуна эъмоли фишор ва таҳдид ва мудохилаҷӯи онҳо ҳушдор дода ва таъкид кардааст, ки таҳримҳои худсарона эълом шуда, аз сӯи Лондон барои Ҷумҳурии Исломии Эрон фоқид арзишаст ва Эрон ҳамчунин ҳаққи худро барои иқдоми мутақобил маҳфӯз медонад.
Дар ҳамин росто Носири Канъонӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон, авзоъи кунӯнӣ дар кишварро мавзӯи дохилӣ хонда ва таъкид кардааст: Дар баробари ҳаргуна талош аз сӯи Ғарб ва Амрико барои эъмоли таҳримҳои ҷадид ва фишор ба манзури имтиёзхоҳӣ ва боҷхоҳӣ ва ҳар иқдоми маҳдудкунанда алайҳи миллату давлати Эрон, бо ҷиддият ва қотеъият истодагӣ карда ва ба мавқеъ посух медиҳем.