Оғози размоиши дарёии марзбонӣ дар Халиҷи Форс
(last modified Tue, 11 Oct 2022 13:50:54 GMT )
Октябр 11, 2022 18:50 Asia/Dushanbe
  • Оғози размоиши дарёии марзбонӣ дар Халиҷи Форс
    Оғози размоиши дарёии марзбонӣ дар Халиҷи Форс

Размоиши марзбонии минтақаи Муҳаммад Расулуллоҳ(с) дар обҳои Халиҷи Форс дар навори дарёӣ ва соҳилии Бушеҳр ҷануби Эрон иҷро ва аз сомонаҳои пешрафта дар он истифода шуд.

Размоиши минтақаии Муҳаммад Расулуллоҳ(с) дар обҳои Халиҷи Форси Бушеҳр имруз сешанбе баргузор шуд ва аҳдофи ин размоиш иртиқои тавони разми ва касби маҳоратҳои амалиётии дарёӣ ва ҳамоҳангӣ байни неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон эълом шуда аст.

Генерал Аҳмадалӣ Гударзи, фармондеҳи марзбонии интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон размоиши минтақаии Муҳаммад Расулуллоҳ(с)-ро соҳилии дарёӣ эълом карду гуфт: Дар ин размоиш бо таҷҳизоти роҳбурди, системаҳои электроники, уптики, паҳподи ҳавопаймои бедуни сарнишини Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ табодули амалиёти ва токтики ва ишрофи иттилоъоти бар ҳариф иҷро мешавад.

Фармондеҳи марзбонии интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон истифода аз сомонаҳои ҳисгари пешрафта барои пойиши марзҳо ба сурати лаҳзаиро марвиди ишора қарор дод ва афзуд: Ин ҳисгарҳо метавонад сатҳи ҳушёрии марзбониро афзоиш диҳад.

Генерал Аҳмадалӣ Гударзи аз сохти таҷҳизоти дохилии пешратфа хабар доду гуфт: Акнун неруҳои марзбони ба пешрафтатарин сомонаҳо муҷаҳаз ҳастанд, ки бо тавони мутахасисони дохилӣ сохта шуда аст.

Генерал Гударзӣ аз сохти нишоварҳои 60 фувт дар Эрон хабар дод ва афзуд: Аз сифр то сади ин шиноварҳо дар дохил бо тавони мутахасисони дохили сохта шуда аст.

Фармондеҳи марзбонии интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: Илова бар пойиши тасвири ва таҷҳизоти марзбони ба сомонаҳои пешрафта, омузишҳои ба руз, парвариши қувои ҷисмони, руҳияи масъулиятпазирии назму инзибот ва тақвияти руҳияи шаҳодатпазири ва исори марзбонон дар тавони амалиёти онҳо бисёр таъсиргузор аст.