Октябр 12, 2022 16:43 Asia/Dushanbe

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ иғтишошҳои парокандаро тароҳи инфиъол ва ношиёнаи душман дар муқобили пешрафтҳо ва ҳаракатҳои ибтикори ва бузурги миллати Эрон хонданд ва гуфтанд: Роҳи илоҷи душманиҳо истодагӣ аст.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ имруз чаҳоршанбе дар дидори раис ва аъзои давраи ҷадиди Маҷмаъи маслиҳати низом бо таъкид бар ин ки дар ҳаводиси ахир нақш ва дахолати душман барои ҳамаи ва ҳатто барои соҳибназарони бетарафи хориҷӣ равшан ва ошкор аст, афзуданд: Ин қазияҳо як мавзуъи худҷуши даруни нест албата мумкин аст аз бархе заминаҳо истифода карда бошанд, аммо иқдомоти душман ҳамчун таблиғот, талош барои беасаргузории фикри, эҷоди ҳаяҷон, ташвиқ ва ҳатто омузиши роҳҳои сохти маводи оташзо акнун комилан возеҳ ва ошкор аст.

Раҳбари муаззами инқилоб нуктаи муҳим дар ин қазияҳоро инфиъоли ва вакуниши будани ҳаракати душман баршумориданд ва хотирнишон карданд. 

Миллати Эрон дар фосилаи замонии кутоҳ ҳаракатҳои бузурги анҷом дод, ки 180 дараҷа дар нуқтаи муқобил сиёсатҳои истикбори ҷаҳонӣ буд ва онҳо ночор беаксуламал шуданд ва дар ҳамин чорчуб бо барномарези ва сарфи пул афроди аз ҷумла бархе сиёсиюн дар Амрико, Аврупо ва бархе нуқоти дигарро ба майдон оварданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ гуфтанд: Ин ҳаракатҳои бузург нишон дод миллати Эрон илова бар ин ки бо нишот, мутадайин ва пойбанд ба арзишҳо ва масоили динӣ аст ва кишвар низ ҳаракати ру ба пеши худро бо шитоб идома медиҳад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳузури миллионии ҷавонон дар роҳпаймоӣ Арбаъин ва ҳаракатҳои муъминонаро намунае аз тадаюн, динбовари ва ҳаракатҳои бузури миллати Эрон буршумориданд ва афзуданд: Дар воқеъ ибтикор ба дасти миллати Эрон буд ва душман маҷбур ба аксуламали ношиёна ва барномарези барои иғтишош шуд.

Ҳазрати ояутллоҳ Хоманаӣ хотирнишон карданд: То замоне, ки миллати Эрон парчами исломро ба даст гирифт ва ҳамроҳи низоми исломӣ аст ин душманиҳо ба шаклҳои мухталиф идома пайдо хоҳад кард ва танҳо роҳи илоҷи он низ истодагӣ аст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд: Мо ба ваъдаи Илоҳи мубтани бар пирузии қатъияқин дорем ва ҳатман кумаки Илоҳи ҳамроҳи мо хоҳад буд.

 

Барчасп