Раисӣ дар шашумин иҷлоси сарони « CICA » суханронӣ мекунад
Раиси ҷумҳӯри Эрон дар сафари ду рӯза ба Қазоқистон илова бар ширкату суханронӣ дар шашумин иҷлоси сарони Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё « CICA » бо теъдоде аз сарони кишварҳои ҳозир дар ин нишаст низ дидору гуфтугӯ хоҳад кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайидиброҳими Раисӣ-раиси ҷумҳӯри Эрон шомгоҳи чаҳоршанбе ба вақти маҳаллӣ ба манзури ширкат дар шашумин нишасти сарони кишварҳои узви CICA вориди шаҳри Остона-пойтахти Қазоқистон шуд .
Раиси ҷумҳӯр дар ин сафари дурӯза, илова бар ширкату суханронӣ дар шашумин иҷлоси сарони « CICA » бо теъдоде аз сарони кишварҳои ҳозир дар ин нишаст низ дидору гуфтугӯ хоҳад кард .
Конфаронси Остона ба унвони як гирдиҳамоӣ барои тақвияти ҳамкориҳои мутамаркиз бар тазмини сулҳ, амният ва субот дар Осиё дар ҳоли ҳозир 27 узви аслӣ дорад ва 8 кишвар ва 5 созмони минтақаӣ ва байналмилалӣ низ ба унвони нозир, узви ин конфаронс ҳастанд .
Шашумин иҷлоси CICA бо ҳузури руасои ҷумҳӯри кишварҳои Эрон, Ироқ, Қатар, Қирғизистон, Фаластин, Русия, Тоҷикистон, Туркия, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Узбекистон ва ба раёсати раиси ҷумҳӯри Қазоқистон баргузор мешавад .
Ташкили конфаронси таъомулу эътимодсозии Осиё нахустин бор дар панҷуми октябри соли 1992 дар замони баргузории чиҳилу ҳафтумин иҷлоси маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид тавассути Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳӯри вақти Қазоқистон пешниҳод шуд .