Декабр 07, 2016 16:41 Asia/Dushanbe
  • Имзои тафоҳумномаи ҳамкорӣ миёни Ҳилоли Аҳмари Эрон ва Қирғизистон

Ҷамъиятҳои Ҳилоли Аҳмари Эрон ва Қирғизистон дар заминаҳои мухталифи имдодӣ ва омӯзишӣ ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо карданд.

Ба гузориши ИСНА, Амирмуҳсини Зиёӣ - раиси ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон ва Азамат Баялинов - раиси ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Қирғизистон рӯзи чаҳоршанбе дар Теҳрон дидор ва дар заминаи кумакрасонӣ ба манотиқи осебдида, баргузории давраҳои омӯзишӣ, табодули таҷрибаҳо дар ҳавзаи омӯзиш ва ҳамкорӣ бо федератсияи байналмилалии Ҳилоли Аҳмар ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо карданд.

  Амирмуҳсини Зиёӣ - раиси ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон дар ин дидор омодагии ин ҷамъиятро барои ҳамкорӣ бо ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Қирғизистон эълом кард.

Азамат Баялинов - раиси Ҳилоли Аҳмари Қирғизистон низ ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эронро аз бузургтарин ҷамъиятҳои ҷаҳон донист ва бар омодагии Ҳилоли Аҳмари кишвараш барои оғози тавсиаи ҳамкориҳо бо тарафи эронӣ таъкид кард.

Раиси Ҳилоли Аҳмари Қирғизистон ба манзури дидор бо масъулони Ҳилоли Аҳмари Эрон ба Теҳрон сафар кардааст.

 

Барчасп