Октябр 13, 2022 12:45 Asia/Dushanbe
  • Ҷаҳони имрӯз беш аз ҳар замоне ниёзманди нақшофаринии муассиртари созукорҳои минтақаӣ аст

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар шашумин иҷлоси сарони CICA таъкид кард : Ҷаҳони имрӯз беш аз ҳар замоне ниёзманди нақшофаринии муассиртари созукорҳои минтақаӣ аст.

Шашумин нишасти сарони кишварҳои узви " Таъомулу иқдомоти эътимодсозӣ дар Осиё " ( CICA ) имрӯз ( панҷшанбе ) бо ҳузури раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар Остона-пойтахти Қазоқистон оғоз шуд .
Яке аз муҳимтарин аҳдофи шашумин нишасти сарони CICA мавзӯи баррасӣ ва тасвиби иртиқои сохтори он аз як конфаронс ба як созмони минтақаӣ ва байналмилалӣ хоҳад буд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раёсати Ҷумҳурӣ, Сайидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии Эрони имрӯз дар шашумин иҷлоси сарони кишварҳои узв дар Остона гуфт : Фароянди таҳаввулу гузор дар низоми байналмилал ба марҳалаи хосе расида ва дар бозтақсими ҷадиди қудрат, рӯйкардҳои султаталаб  матруданд ва садову нақши кишварҳои мустақил бештар шунида ва мушоҳида мешавад .
Раисӣ дар идома афзуд : Ҷумҳурии исломии Эрон бо доштани собиқаи тамаддунӣ ва ғанои фарҳангӣ сиёсати хориҷии худро бар асоси мафоҳими мутаъолии илоҳӣ – инсонӣ,адолат, маънавият, ақлоният, ахлоқ, озодӣ ва истиқлол, ки ҷумлагӣ  тазминкунандаи рифоҳу иззати миллатҳост, бино ниҳодааст .
Раисӣ ҳамчунин гуфт : Муборизаи муваффақ бо тероризм, ифротгароӣ, ёрии мустамари оворагону муҳоҷирини Афғонистон, дифо аз миллатҳои мазлӯм аз Фаластин то Яман, ҳимоят аз ҳокимияти миллӣ ва тамомияти арзии кишварҳо аз ҷумла дар Ироқу Сурия, муқобила бо якҷонибагароӣ ва султагарӣ дар ҳамаи ашколи он ва ёрии ҳамсоягон дар рӯзҳои сахт масири иқтидору роҳбурди ҳамешагии Эрон будааст .
Раисӣ хотирнишон кард : Ҳамгаройӣ ва амният дар Осиё бо манофеи кишварҳои султаталаб созгор нест .
Раиси ҷумҳӯр таъкид кард : Миллати Эрон ки масири истиқлолу пешрафтро баргузида бо мухолифати зурмадорон мувоҷеҳ шудааст .
Раисӣ гуфт : Миллати Эрони ҳам гузинаи низомии Амрикоро номуътабар кардааст ва ҳам он тавр, ки худашон эътироф кардаанд сиёсати таҳриму фишори ҳаддиаксариро шикасти шармандабор додааст .
Раиси ҷумҳӯри Эрон тасреҳ кард : Амрико ва режими саҳюнистӣ даҳаҳо аз тариқи таҷовуз, ишғолгарӣ, апартайд, таҷовузу куштори кӯдакону ғайринизомиён дар Фаластин, Сурия, Ироқ, Яман ва Афғонистон боиси ноамнӣ, хушунат, тероризм ва ҷангу изтироб дар минтақа шудаанд, аммо роҳе ҷуз поёни ишғолгарӣ ва гузашт дар баробари раъйю ҳақи миллатҳо дар таъйини сарнавишти худ вуҷуд надорад .

 

Барчасп