Раисӣ: Иллати кинаи душман аз миллати Эрон пешрафтҳои хиракунанда аст
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидори ҷамъе аз масъулони низом ва меҳмонони хориҷии ширкаткунанда дар Конфронси ваҳдат бо раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, иллати кинаи душман аз миллати Эронро пешрафтҳои хиракунанда ва ҳамаҷонибаи он донист.
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, Саидиброҳими Раисӣ дар ибтидои ин дидор афзуд, дар сафари ахир ба Ню-Йорк, дабири кулли Созмони милал дар мулоқоти хусӯсӣ узрхоҳӣ кард ва гуфт, бо вуҷӯди талошҳои зиёд натавонистам таҳримҳои марбӯт ба корона алайҳи Эронро рафъ кунам, ки ба ӯ посух додам миллати Эрон ҳамвора аз таҳдиду таҳрим, фурсатсозӣ кардааст.
Раисӣ, пинҳонсозии ҳақоиқ ва густариши ҷоҳилияти модернро аз ҷумла тарфандҳои кунӯнии бадхоҳони дунёӣ Ислом донист ва тасреҳ кард, роҳи муқобила бо ин тарфанд, густариши бедорӣ бар меҳвари ваҳдати исломӣ ва парҳез аз тафриқа аст.