Октябр 15, 2022 12:05 Asia/Dushanbe

Муовини умӯри байналмилал ва бозаргонии вазири нафти Ҷумҳурии исломии Эрон бар нақши муҳими Эрону Русия дар тавсеаи пойдори энержии ҷаҳон таъкид кард.

Ҳафтаи энержии Русия бо шиори меҳварии « Тавсеаи пойдори энержӣ » дар Маскав бо ҳузури ҳайатҳои мухталифи хориҷӣ аз рӯзи чаҳоршанбеи гузаштаи баргузор шудааст .
Ҳайати Ҷумҳурии исломии Эрон ба сарпарастии Аҳмади Асадзода-муовини вазири нафт ва Козими Ҷалолӣ-сафири Эрон дар Русия ва гуруҳе аз коршиносони ҳавзаи нафту энержӣ дар ҳафтаи энержии Русия ҳузур доранд .
Аҳмади Асадзода-муовини умӯри байналмилал ва бозаргонии вазири нафти Ҷумҳурии исломии Эрон дар Маскав гуфт : Тавсеаи пойдори энержии ҷаҳон дар гарави ин аст, ки бархе кишварҳо ба сиёсати зӯргӯйӣ поён диҳанд .
Аасадзода дар бораи аҳамияти суботи амнияти энержӣ дар ҷаҳон афзуд : Ҷаҳон агар ба амнияти арза ва тақозои энержӣ аҳамият медиҳад бояд зерсохтҳову лавозими ин корро ҳам бипазирад.
Муовини умӯри байналмилал ва бозаргонии вазири нафти Эрон ҳамчунин гуфт : Намешавад ду кишвари муҳими тавлидкунандаи нафту газ дар ҷаҳон яъне Эрону Русияро таҳрим карду ҳамзамон аз амнияти арзаву тақозои энержӣ сухан гуфт . Асадзода таъкид кард : Рафторҳои дугонаи Ғарб ба вижа Амрико дар баробари дигар кишварҳо амнияти арзаву тақозои энержӣ дар ҷаҳонро дучори ихтилол мекунад.
Муовини умӯри байналмилалу бозаргонии вазири нафти Эрон гуфт : Тазмини тавсеаи пойдори энержӣ дар гарави ҳамкории созандаи кишварҳои тавлидкунандаи энержӣ ва дигар кишварҳост то муҳити пойдор ва ба нафъи ҳамаи мардуми ҷаҳон шакл гирад.

Бештар бихонед :

 

Барчасп