Октябр 15, 2022 17:11 Asia/Dushanbe
  • Ҳувияти фарҳангӣ сарчашмаи иқтидори миллати Эрон аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳувияти фарҳангиро сарчашмаи иқтидори миллат донист.

Ҳамоиши миллии мантиқи бозсозии инқилобии сохтори фарҳангии кишвар, ба иҳтимоми Пажӯҳишкадаи фарҳангу мутолиоти иҷтимоӣ имрӯз (шанбе) дар маркази ҳамоишҳои байналмилалии Садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шуд.

Раисиҷумҳур гуфт, таҳоҷуми фарҳангӣ сирфан барои имрӯз нест, балки ҳамвора вуҷӯд дошта, зеро ин ҳувият барои миллати Эрон иқтидорсоз аст.

Саидиброҳими Раисӣ дар "Ҳамоиши миллии мантиқи бозсозии инқилобии сохтори фарҳангии кишвар" гуфт, ҳамвора нисбат ба таҳоҷуми фарҳангии бегона ба фарҳанги ғании Эрону дили поки ҷавонону ҳувияти исломӣ ва эронии онҳо таҳдид мешавем.

Раисӣ ҳувияти фарҳангиро сарчашмаи иқтидори миллат донисту афзуд, Инқилоби Исломӣ зотан як инқилоби фарҳангӣ аст ва Ҷумҳурии исломӣ дар зоти худ фарҳанг дораду тавсеа ва пешрафти фарҳангиро ба ҳамроҳ дорад.

Раисиҷумҳур таъкид кард, дар ин тӯфони ҷанги сойберӣ, кишваре, ки мабоонии фарҳангии ғанӣ ва мустаҳкаме дошта бошад, ҳаргиз таконаҳо ӯро такон нахоҳад дод; агар мабонӣ муҳкам бошад ва сиёнат шавад, набояд аз тавсеаи электронӣ нигарон шуд, зеро ҳар рӯз падедае нав ба майдон меояду нигаронӣ замоне аст, ки ҳувияти миллӣ таҳдид шавад.

Барчасп