Октябр 18, 2022 11:14 Asia/Dushanbe
  • Султони Уммон гуфт: Равобити дуҷониба ҳамон тавре, ки тавофуқ шуда, дар ҳоли пешрафт аст ва ҳар думиллат аз он мунтафеъ мешаванд
    Султони Уммон гуфт: Равобити дуҷониба ҳамон тавре, ки тавофуқ шуда, дар ҳоли пешрафт аст ва ҳар думиллат аз он мунтафеъ мешаванд

Раиси Ҷумҳӯрии Исломии Эрон, дар гуфтугӯи телефони бо Султони Уммон таъкид кард: Миллати Эрон дар муқобили иқдомоти хасмонаи Амрико мунфаъил нахоҳад буд ва ибтикори амалро дар даст дорад.

Раиси Ҷумҳӯрии Исломии Эрон, ва Султони Уммон дар гуфтугӯи телефони бар ироаи худ барои иртиқои сатҳи равобити ду кишвар дар арсаҳои мухталифи сиёсӣ ва иқтисодӣ таъкид кардаанд.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раёсат Ҷумҳӯри, Сайид Иброҳими Раисӣ дар посӯх ба тамоси телефонии Ҳайсам бин Ториқ Оли Саъид Султони Уммон бо баёни ин, ки шоҳиди болотарин сатҳ аз эътимод ва мушорикати дукишвар дар арсаи сиёсӣ ҳастем, равобити Теҳрон ва мустақимро дар арсаҳои мухталиф рӯ ба рушди арзёбӣ кард.

Раиси  Ҷумҳӯр бо ишора ба азми мусамами Ҷумҳӯрии Исломии Эрон барои танавуъ ва умқ бахшидан ба равобити худ бо Уммон, ибрози умедвори кард раванди таомулоти Эрон ва Уммон ҳамонанди яксоли гузашта рӯ ба рушд бошад.

Раисӣ, ҳамчунин бо ишора ба муҳосибаи ғалати Амрико дар ҳимоят ва ташдиди ошубҳо гуфт: Амрико ба ғалат тасавур мекард таҳримҳои онҳо миллати Эронро мутавақиф хоҳад кард аммо вақте диданд миллати Эрон дар баробари таҳримҳо натанҳо мутавақиф нашуд, балки ба рушд ва пешрафти худ идома дод ба фитнаангези алайҳи Ҷумҳӯрии Исломии Эрон рӯй оварданд.

Султони Уммон низ дар ин гуфтугӯи телефони бо баёни ин, ки шахсан иҷрои тавафуқоти ҳосил шуда миёни ду кишварро пайгири мекунад, гуфт: Равобити дуҷониба ҳамон тавре, ки тавофуқ шуда, дар ҳоли пешрафт аст ва ҳар думиллат аз он мунтафеъ мешаванд.

 

 

 

Барчасп