Муғулистон ҳам хоҳони пайвастан ба парвандаи ҷаҳонии Наврӯз аст
Мудири кулли дафтари сабти осор ва ҳифзу эҳёи мероси маънавӣ ва табиии Эрон аз тамоюли Муғулистон барои пайвастан ба парвандаи ҷаҳонии Наврӯз хабар дод.
Ба гузориши равобити умуми Созмони мероси фарҳангӣ, саноеи дастӣ ва гардишгарии Эрон, Фарҳоди Назарӣ гуфт: Қудрати фарҳангии Наврӯз дар ҳоли густариш аст ва бисёре аз кишварҳо ҳамчун Муғулистон ҳам хостори пайвастан ба парвандаи ҷаҳонии Наврӯз ҳастанд.
Назарӣ афзуд: Сабти ҷаҳонии парвандаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ ба сурати муштарак, нишони қудрати фарҳангӣ ва фарогирии кишвари пешниҳодкунанда аст ва илова бар Муғулистон, Танзания ва Чин ҳам хостор пайвастан ба парвандаи Наврӯз шудаанд.
Мудири кулли дафтари сабти осор ва ҳифзу эҳёи мероси маънавӣ ва табиии Эрон гуфт: Парвандаи ҷаҳонии Наврӯз бо мудирияти Эрон ба сабти ҷаҳонӣ расидааст ва ЮНЕСКО пайвастани дигар кишварҳоро ба ин парванда пас аз мувофиқати Эрон ба унвони мудири он, баррасӣ мекунад.
Парвандаи чандмиллиятии Наврӯз бо мушорикати 12 кишвар ва бо мудирияти Эрон рӯзи чаҳоршанбеи 30 ноябри 2016 дар феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ҷаҳонӣ дар ЮНЕСКО сабт шуд.