Октябр 22, 2022 09:47 Asia/Dushanbe
  • Чаҳор медали рангоранг-саҳми шатранҷбозони Эрон дар мусобиқоти Осиё

Шатранҷбозони Эрон дар мусобиқоти қаҳрамонии радаҳои синнии Осиё соҳиби як медали тилло, ду нуқра ва як бринҷӣ шуданд .

Ба гузориши ИРНА, мусобиқоти қаҳрамонии радаҳои синнии Асия дар ду бахши писарону духтарон аз 15 то 20 октябр бо ҳузури 456 бозикун аз саросари Осиё дар 9 давр ва ба мизбонии Индонезия баргузор шуд .
Дар поёни ин рақобатҳо Салмо Ҳимматиён дар радаи зери 8 соли духтарон бо касби 5.8 имтиёз муқтадирона ба медали хушранги тилло даст ёфт .
Сайидкаёни Қурайшӣ бо касби 5.7 имтиёз ҳамимтиёз бо нафари аввал ва ба далели гиреҳгушойии камтар ба медали нуқраи ин мусобиқот даст ёфт . Сайидкаёни Қурайшӣ пеш аз ин дар бахши сариъи мусобиқот медали хушранги тиллои инфиродӣ ва нуқраи тимии зери 8 соли озодро низ ба армуғон овард .
Куруши Баландназар низ дар радаи зери 8 соли озод ( писарон ) бо касби 7 имтиёз медоли бринҷии ин мусобиқотро касб кард . (Ӯ пеш аз ин дар бахши сариъи мусобиқот медоли нуқраи инфиродӣ ва тимии зери 8 соли озодро низ ба армуғон овард . )
Ҳамчунин тими зери 8 соли озод ( писарон ) муташаккил аз Сайидкаёни Қурайшӣ ва Куруши Баландназар  ҳамчун дар бахши сареъ медали нуқраи тимии ин мусобиқотро касб кард.
Дар радабандии тимӣ ҳам тими Эрон баъд аз Ветнам ва Ҳинд дар ҷойгоҳи сеюми ин мусобиқот қарор гирифт .
Тими шатранҷи радаҳои синнии Эрон бо сармураббигарии устоди ФИДЕ, Муҳаммадризо Афшорӣ ва довари ФИДЕ, Ваҳида Савобия ба унвони сарпараст ва довар роҳии мусобиқоти осиёии Индонезия шуданд.

 

Барчасп