Октябр 22, 2022 10:40 Asia/Dushanbe
  • Эрон қаҳрамони мусобиқоти байналмилалии киокушин каратэибонувон шуд

Мусобиқоти байналмилалии киокушин каратэи бонувон бо қаҳрамонии тими Эрон ба поён расид .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Ноҳиди Саркуҳкӣ-масъӯли баргузории мусобиқоти киокушин каратэи WKFB бонувон ҷумъашаб гуфт : Ин рақобатҳо аз рӯзи панҷшанбе 20 октябр дар Аҳвоз, маркази устони Хузистон-ҷанубу ғарби Эрон, оғоз ва рӯзи ҷумъа ба поён расид ва тими Эрон бо иқтидор ба мақоми қаҳрамонӣ даст ёфт.
Ба гуфтаи Саркуҳкӣ тимҳои Афғонистону Ироқ низ дар ин мусобиқот унвонҳои дувум ва сеюмро ба худ ихтисос доданд .
Масъӯли баргузории мусобиқот афзуд : Ин мусобиқот дар болотарин сатҳ ва бо ҳузури беш аз 500 ширкаткунанда баргузор шуд ва нафароти бартари ин рақобатҳо зимни дарёфти ҷавоизи нафис, ҷавози ҳузур дар мусобиқоти ҷаҳониро касб карданд .

 

Барчасп