Рушди 40 дарсадии содироти Эрон дар як соли гузашта
(last modified Sat, 22 Oct 2022 09:29:30 GMT )
Октябр 22, 2022 14:29 Asia/Dushanbe
  • Рушди 40 дарсадии содироти Эрон дар як соли гузашта

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рушди 40 дарсадии содиротро нишонаи азми фаъолони иқтисодии Эрон барои тавсеаи содирот донист .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Сайидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи шанбе дар ойини рӯзи миллии содирот дар Теҳрон гуфт : Бояд саҳми Ҷумҳурии исломии Эрон дар транзити коло ва гардиши пулӣ-молӣ ва иқтисоди минтақа дунбол шавад.
Раисӣ афзуд : Зербиноҳои рушди иқтисодӣ ва тавлид дар Эрон фароҳам аст ва бояд бархе мавонеъи мавҷуд дар ин масир бартараф шудаву фаъолони иқтисодӣ ҳам бо ангезаву ҳамгаройии худ дар ин масир гом бардоранд .
Раиси қувваи муҷрияи Эрон бо таъкид бар фаъол кардани бозорчаҳои марзӣ дар ростои тавсеаи тиҷорат гуфт : Ҳалли мушкилоти иқтисодии содиркунандагон аз иқдомоти аслии давлат аст ва давлатмардону намояндагони Маҷлиси шӯрои исломии мусаммам ба равнақи тавлиду содироти нафтӣ ва ғайринафтии Эрон ҳастанд .
Раисӣ бо баёни инки рушди иқтисодии Эрон душманро асабонӣ кардаву идомаи таҳримҳо ҳам барои ин аст то рушди иқтисодӣ мутаваққиф шаваду Эрон ба кишвари масрафкунанда табдил шавад.
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон тасреҳ кард : Душман намехоҳад иқтисоди Эрон равнақ бигирад ва ба ҳамин далел аз ноамнӣ ва ошӯбу эҷоди балво ҳимоят мекунад .

Бештар бихонед :