Ниёзе ба ҳузури кишварҳои бегона дар минтақа нест
Фармондеҳи неруи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ таъкид кард, ки ниёзӣ ба ҳузури кишварҳои бегона дар минтақа нест ва ҳар гуна зарбаи душман бо зарбаи мутақобил мувоҷеҳ хоҳад шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сардор Алиризои Тангсирӣ гуфт : Аз 32 киштии Ҷумҳурии исломии Эрон, ки дар кулли дунё ҳузур доранд, ҳаросат мекунем, ҳамчунин баҳри Арабӣ ва Сурх аз маъмуриятҳои иблоғии ахири неруи дарёии сипоҳ аст, ки маъмурияти эскорти киштиҳоро бар уҳда дорем .
Сардор Тангсирӣ дар хусӯси ҷуғрофиёи ҳузури неруии дарёии Сипоҳ ва тавони размии неруии дарёии сипоҳ афзуд : Халиҷи Форс ба Эрон ва кишварҳои ҷанубии халиҷи Форс таъаллуқ дорад.
Фармондеҳи неруии дарёии сипоҳ ҳамчунин гуфт : Ҷумҳурии исломии Эрон дасти бародариро ба самти кишварҳои минтақа дароз кардааст, аммо баракси ин равияро аз бархе кишварҳо шоҳид ҳастем .
Сардор Тангсирӣ хотирнишон кард : Неруи дарёии сипоҳ дар размоишҳое, ки дар минтақа баргузор кардааст аз кишварҳои дӯсту бародар аз ҷумла Қатар, Ироқ, Аммон ва соири кишварҳо даъват кардааст ва ҳамчунин ба таври муқобил дар размоиши онҳо ширкат кардем .
Фармондеҳи неруии дарёии сипоҳ гуфт : Душману истикбори ҷаҳонӣ барои фурӯши таҷҳизоти низомии худ ниёз ба душмантарошӣ дорад, агар душманеро дар минтақа надошта бошад вуҷудаш дар минтақа ботил аст ва дигар касе аз онҳо истиқбол намекунад.