Амнияти осмони Эрони исломӣ хати сурхи падофанд ҳавоӣ аст
Фармондеҳи минтақаи падофанди ҳавоӣ шимоли ғарби Эрон мустақар дар Табрез таъкид кард: Амнияти осмони Эрони исломӣ хати сурхи падофанди ҳавоӣ аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Абоси Азимӣ дар ҷамъи коркунон ва хонаводаҳои ин ягони падофанди гуфт: Амнияти ва оромиши осмони Эрони исломӣ ба воситаи муҷоҳидатҳои шабонарузии коркунони падофанди ҳавоӣ ҳосил шуда аст ва ҳаргуна таҷовуз ба ҳарими ҳавоӣ кишвар бо посухи муҳкам ва қотеъи падованди ҳавоӣ ру ба ру хоҳад шуд.
Азими афзуд: Аз аввали инқилоби исломӣ то кунун душманони низом ва инқилоби исломӣ аз ҳар роҳ ва равиши барои зарба задан ба он истифода карданд ва имруз ҳам Ҷумҳурии Исломии Эрон мавриди ҳадафи бесобиқатарин ҳаҷмаи расонаи дар дунё қарор гирифта аст.
Фармондеҳи минтақаи падофанди ҳавоӣ шимоли ғарби Эрон ҳамчунин дастовардҳо ва пешрафтҳои чашмгири арсаи дифъои ҳавоӣ Ҷумҳурии Исломии Эронро бисёр чашмгир хонд ва гуфт: Ин амр қудрати боздорандагиро барои Эрон эҷод карда аст ва ин улгу ба унвони як намунаи мувафақи рушд ва пешрафт дар ҳамаи сутуҳи кишвар тасри ёфта аст.