Октябр 25, 2022 12:31 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Эрон ва Тоҷикистон барои рушди дипломосии саломат

Вазири беҳдошт аз омодагии Эрон барои рушди ҳамкории муштарак бо кишвари Тоҷикистон дар ҳавзаи саломат хабар дод.

Баҳроми Айнуллоҳи дар дидори Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон ва ҳайати ҳамроҳаш бо баёни ин ки Эрон ва Тоҷикистон кишварҳои ҳамзабон ва дусту бародар ҳастанд хотирнишон кард: Наздикии ду кишвар бояд дар амал низ ба исбот бирасад то ҳамкориҳои байни ду кишвар беш аз пеш густариш ёбад.

Вай афзуд: Ҳавзаи саломат васеъ аст ва буъдҳои густардаеро дар бар мегирад ва умедворем байни ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон дар тамоми заминаҳои ҳавзаи саломат ин ҳамкориҳо тақвият шавад.

Айнуллоҳи ҳамзабон будани Эрон ва Тоҷикистонро фасли муштарак дар шаклгири ва тақвияти иртибототи саломат меҳвари байни ду кишвар унвон намуд ва таъкид кард: Гардишгарии саломат, табодули устод ва донишҷу, ҳамкориҳои таҳқиқоти ва ҳамкориҳои тиҷорӣ дар бахши дору ва таҷҳизоти пизишкӣ аз ҷумла мавзуъоте аст, ки метавон ба густариши равобит ва рушди ҳамкориҳои ду кишвар кумак кунад.

Вазири беҳдошти Эрон дар идома афзуд: Кишвари Тоҷикистонро аз ҷумлаи кишварҳои мувафақт дар контрол ва маҳори Ковид-19 тавсиф карду гуфт: Яке аз мушкилоте, ки Эрон бо он ру ба ру аст.

Таҳримҳои золимона ва ғайри инсони аз суи низоми истикбори аст албата ин таҳримҳо натанҳо барои мо маҳдудият эҷод накард балки мунҷар ба он шуд, ки аз дили таҳдид фурсатҳо мутавалид шаванд зеро бисёри аз таҷҳизоти пизишки, ки қаблан вориди кишвар мешуд баъд аз таҳримҳо дигар ба дастамон нарасид ва акнун бо талоши шабонарузии донишмандонамон ин таҷҳизот дар дохили кишвар тавлид шуда ва ҳатто содир мешавад.

Айнуллоҳи бо ишора ба дохил намудани омузиши олии пизишки дар хадамоти беҳдоштидармони баён кард: Бо ин иқдом донишгоҳҳо пизишки дар ихтиёри бахши беҳдошт ва дамрони кишвар қарор гирифтанд ва тавонистоанд бисёри аз ниёзҳои дармони, беҳдошти ва пажуҳишии кишварро таъмин кунем дар ҳоли ҳозир 66 донишгоҳ ва донишкадаи пизишки 20 ҳазор узви ҳайати илмӣ ва 270 ҳазор донишҷу дар риштаҳои улуми пизишкӣ дорем.

Гуфтани аст дар ин дидор тафоҳумномаи ҳамкориҳои муштарак бахши саломат байни ду кишвар бо ҳузури вазири беҳдошти Ҷумҳурии Исломии Эрон ва вазири тандурусти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба измо расид.