Октябр 26, 2022 17:43 Asia/Dushanbe
  • Тиҷорати хориҷӣ дар гумруки Сарахси Эрон ба марзи 1.5 миллион тонна расид
    Тиҷорати хориҷӣ дар гумруки Сарахси Эрон ба марзи 1.5 миллион тонна расид

Тиҷорати хориҷӣ шомили содирот ва воридорти колол аз гузаргоҳҳои роҳи оҳан ва ҷодаи марзи Сарахси Эрон дар ҳафт моҳи гузашта ба марзи 1.5 миллион тонна расид.

Гумруг ва гузаргоҳи марзии Сарахс дар шимоли шарқи Эрон ва ҳаммарзи бо Торкманистон воқеъ шуда аст ва аз масири муҳими тиҷорати ва транзитии хориҷии кишвар ба вижа бо кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад.

Алиакбари Киёниалиободӣ сарпарасти идораи кулли гумруки Сарахси Эрон гуфт: Дар ҳафт моҳи гузашта 558 ҳазор тонна коло аз марзҳои заминӣ ва роҳи оҳани Сарахс ба кишварҳои Осияи Марказӣ ва Русия содир шуда аст, ки дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли гузашта рушди 13 дарасадиро нишон медиҳад.

Киёниалиободӣ афзуд: Дар ҳафт моҳи гузашта 975 ҳазор тонна коло дар қолаби транзити вуруди ва хуруҷи аз тариқи марзи Сарахс ва дар масири Эрон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия ҷо ба ҷо шуда аст, ки ҳикоят аз рушди 62 дарсади дорад.

Сарпарасти идораи кулли гумруки Сарахси Эрон коҳиши маҳдудият дар сафарҳои тиҷорӣ ва марзии бо Туркманистон осон намудани хадамоти тиҷорӣ ва гумруки дар ин марз ва оғози анбуҳи коло бо кишварҳои мустақили муштаракулманофеъро иллати аслии рушди содирот ва транзити коло унвон кард.

Барчасп