Октябр 27, 2022 18:02 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Ҳамлаи террористии Шоҳчароғ қисмати аз тарҳи ноамнисозии Эрон
    Таҳлил: Ҳамлаи террористии Шоҳчароғ қисмати аз тарҳи ноамнисозии Эрон

Ҳамзамон бо тарҳи душманон барои эҷоди ноамни ва ошуб дар Эрон рузи чаҳоршанбе дар ҳамлаи террористӣ ба ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Аҳмад ибни Мусо(а) дар шаҳри Шероз теъдоди аз зонирон ба шаҳодат расид ва теъдоди низ захми шуданд.

Асри чаҳоршанбе як фарди мусаллаҳ замон вуруд ба ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Аҳмад ибни Мусо(а) дар шаҳри Шероз устони Форси Эрон ба тарафи зоирон тирандози кард.

Дар ин амалиёти террористӣ 15 нафар ба шаҳодат расиданд ва даҳҳо нафар ҳам захми шуданд як зан ва ду кудак ҷузи қурбониёни иқдоми террористӣ ҳастанд.

Дар ҳамин хусус Франс Пресс дар хабари эълом кард гуруҳҳои террористии ДИИШ масъулияти ҳамлаи террористии ба Шоҳчароғро бар уҳда гирифта аст.

Душманони Ҷумҳурии Исломии Эрон тасавур мекунанд, ки бо ин иқдомоти террористӣ метавонанд монеъи дар масири таҳаққуқи ормонҳои инқилоби исломӣ ба вуҷуд оваранд, аммо миллати Эрон ҳамвора идомадиҳандаи роҳи шаҳидон буданд ва хуни шаҳидон зомини таъолии Эрони исломӣ буда аст.

Бадеҳи аст ҷинояти ахири душманон низ, ки бо сукути кишварҳои муддаи муқобила бо терроризм ҳамроҳ шуда аст бори дигар хислати ваҳшигари ва зоти палиди онҳоро ба намоиш гузошт ва ҳамонгунае, ки Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфта аст

Душманон интиқоми бадбахтии худро дар эҷоди иншиқоқ дар сафҳои муттаҳиди миллат ва пешрафти кишварро бо хушунат ва террор мегиранд, аммо дастгоҳҳои амниятӣ ва интизомӣ бо шиносоӣ ақабаҳои ин ҷинояти кур ба омирон ва тарроҳони он посухи пашимонкунанда ва ибратомез хоҳанд дод.

 

Барчасп