Октябр 29, 2022 18:54 Asia/Dushanbe
  • Вуруди пайкарҳои мутаҳҳари шуҳадои ҳодисаи террористии Шероз ба Машҳад

Пайкарҳои мутаҳҳари 11 шаҳиди ҳодисаи террористии Шоҳчароғ(а), пас аз ташйиъ дар Шероз барои тавоф бар гирди ҳарами мутаҳҳари имоми Ризо (а) вориди фурудгоҳи байналмилалии шаҳид Ҳошимӣ Нажоди Машҳад шуд.

Рӯзи чаҳоршанбеи ҳафтаи гузашта (4 обонмоҳ) фарди террористи мусаллаҳ бо вуруд ба ҳарами мутаҳҳари Шоҳчароғи шаҳри Шероз, зоиронро ба рагбори гулӯла баст, ки дар ин ҳамлаи террористӣ 13 нафар шаҳид ва 30 нафари дигар захмӣ шуданд.

Дар маросими истиқбол аз пайкари шуҳадои ҳодисаи террористии Шоҳчароғ ва хонаводаи онҳо устондори Хуросони Разавӣ, қоиммақоми тавлияти Остони Қудси Разавӣ, фармондору шаҳрдори Машҳад, фармондеҳи сипоҳи имом Ризо (а), фармондеҳи қароргоҳи минтақаии шимоли шарқи нерӯи заминии артиш ва ҷамъе аз мақомоти низомӣ ва идорӣ ҳузур доштанд.

Ойини ташйиъи пайкарҳои поки 11 шаҳиди амалиёти террористии ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Аҳмад ибни Мусои Шоҳчароғ (а) имрӯз (шанбе) аз майдони имом Ҳусайн (а) Шероз ба самти ҳарами мутаҳҳари Шоҳчароғ бо ҳузури мардуми азодори ин шаҳр ташйиъ шуд.

Пас аз баргузории ойини ташйиъ дар Шероз, ин шуҳадо бо ризояти ҳамаи хонаводаҳои онҳо ба Машҳади муқаддас мунтақил шуданд то дар ҷавори боргоҳи малакӯтии имом Ризо (а) тавоф дода шаванд.

Пайкари шуҳадо пас аз ташйиъ дар Машҳад, ба зодгоҳи онҳо мунтақил мешавад ва пайкари 6 шаҳиди ҳам ба Шероз интиқол меёбад ва дар ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Шоҳчароғ (а) дафн мешавад.

 

Барчасп