Ноябр 01, 2022 13:10 Asia/Dushanbe
  • Муровидоти молии 20 миллиард долларии Эрон бо 44 бонки ҷаҳонӣ

Бонки тасвияи ҳисобҳои байналмиллалӣ аз муровидоти молии 20 миллиард долларии Эрон бо 44 бонки ҷаҳон хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Бонки тасвияи ҳисобҳои байналмиллалӣ дар ҷадидтарин гузориши худ эълом кард мизони супурдаҳои Эрон назди бонкҳову муассисоти хориҷӣ дар поёни нимаи нахусти 2022 бо рушди се дарсадӣ муодили 506 миллион доллар нисбат ба поёни соли 2021 мувоҷеҳ шудааст .
Бар асоси ин гузориш  мизони супурдаҳои Эрон назд банкҳову муассисоти хориҷӣ дар поёни соли 2021 афзун бар 17 миллиарду 558 миллион доллар эълом шуда буд, ки ин рақам шаш моҳи баъд яъне дар поёни июни 2022 ба 18 миллиард ва 64 миллион доллар афзоиш ёфтааст.
6 миллиарду 785 миллион доллар аз ин супурдаҳо дар қолаби евро ва 280 миллион доллар дар қолаби доллар нигаҳдорӣ мешавад .
Мақари аслии Бонки тасвияи ҳисобҳои байналмилалӣ дар шаҳри Базел дар Шветсария аст ва гузоришҳои он бо унвони « бонкдории байналмиллалӣ ва таҳаввулоти бозори молӣ » чаҳор бор дар сол мунташир мешавад ; дар ин гузоришҳо супурдаҳо ва таъаҳҳудҳои маҷмӯъае аз банкҳову муассисаҳои молии ғайрибонкии мутаъаллиқ ба 44 кишвари ҷаҳон, ки умдатан аврупоӣ ҳастанд, арза мешавад .
 

 

Барчасп