Ноябр 02, 2022 18:07 Asia/Dushanbe
  • Суҳбатҳои Раҳбари муаззами инқилоби Эрон
    Суҳбатҳои Раҳбари муаззами инқилоби Эрон

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори пуршӯри садҳо тан аз донишомӯзон таъкид карданд: Дар ҷанги таркибии чанд ҳафтаи ахир, Амрико, режими саҳюнистӣ, баъзе аз қудратҳои музӣ (бадзот)-и Аврупо ва бархе гурӯҳакҳо ҳамаи имконоти худро барои зарба задан ба миллати Эрон ба майдон оварданд, аммо миллат ба даҳани бадхоҳон зад ва онҳоро ноком гузошт.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ имрӯз (чаҳоршанбе) дар остонаи 13 обон - Рӯзи миллии мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ, 13 обонро таҷассуми шароратҳои Амрико ва осебпазириву имкони мағлуб шудани он хонданд ва гуфтанд: Амрикоиҳову гароиши амрикоӣ аз ин рӯзи муҳиму таҷаммуоти ҳамдилонаву ваҳдатбахши он хашмгину аъсобашон хурд мешавад, чаро ки ин рӯз ҳам таҷассуми шароратҳои Амрико ва ҳам таҷассуму исботи осебпазирӣ ва имкони мағлуб шудани Амрико аст.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ суханони ин рӯзҳои сиёсатмадорони амрикоиро дар бораи тарафдорӣ аз миллати Эрон авҷи бешармӣ ва риёкорӣ хонданд ва гуфтанд: Аз қотилони донишмандони ҳастаӣ, яъне саҳюнистҳо эъломи ҳимоят кардед ва бо ҳабси миллиардҳо доллар аз амволи миллати Эрон дар Амрикову дигар кишварҳо, миллати Эронро аз истифода аз дороиҳои худ барои коҳиши мушкилот маҳрум кардаед.

Эшон афзуданд: Дар бештари ҳаводиси зиддиэронӣ низ радди пои шумо маълум аст, он вақт бо вақоҳати тамом дурӯғи маҳз мегӯед ва иддао мекунед: дилсӯзи миллати Эрон ҳастед? Албатта ба кӯрии чашми шумо миллати Эрон бисёре аз ин душманиҳоро хунсо кардааст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ яке дигар аз тафовутҳои Амрикои дируз ва Амрикои имрӯзро иттифоқи назари бисёре аз таҳлилгарони сиёсии дунё, мабнӣ бар раванди рӯ ба уфули Амрико донистанд ва афзуданд: Нишонаҳои ин уфули ошкорро метавон дар мушкилоти бесобиқаи дохилии Амрико дар заминаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва ахлоқӣ то ихтилофот ва дудастагиҳои хунини дохилии Амрико мушоҳида кард.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд: Як намуна аз ин хатои муҳосиботӣ ҳамлаи 20 соли қабли Амрико ба Афғонистон барои решакании Толибон аст, ки бо ҷиноёту куштори фаровоне ҳамроҳ буд, аммо баъд аз 20 сол ба далели бадфаҳмии масоил маҷбур ба хуруҷ аз Афғонистон шуданд ва ин кишварро тақдими Толибон карданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамла ба Ироқу нокомӣ дар расидан ба аҳдофи мавриди назарро намунаи дигаре аз хатои муҳосиботии амрикоиҳо хонданд ва афзуданд: Амрикоиҳо аз ибтидо ба дунболи гуморидани афроди амрикоӣ ва ё вобастагон ба худ буданд ва шароити кунунии Ироқ ва ҳузури сиёсатмадорони ироқӣ дар раъси кор бо интихобот ҳечгоҳ мавриди назари онҳо набуд, аммо дар ин ҷо ҳам шикаст хӯрданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба нақши ошкори Амрико дар иғтишошоти чанд ҳафтаи ахир дар кишвар афзуданд: Иттилоияи муштараки Вазорати иттилооту созмони иттилооти сипоҳ дар бораи иғтишошҳо ҳовии иттилооту кашфиёти муҳиме буд ва нишон медиҳад душман барои Теҳрон ва шаҳрҳои бузургу кучак барномарезӣ карда буд ва тарроҳӣ дошт.

Эшон қазияи Шоҳчароғ ва куштори мардуму кӯдаконро ҷинояте бузург хонданд ва гуфтанд: Бояд омилони ин ҷиноятҳо шиносоӣ шаванд ва ҳар касе ки собит шавад дар ин ҷиноятҳо ҳамкорӣ доштааст, бидуни тардид муҷозот хоҳад шуд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба сукути муддаиёни ҳуқуқи башар дар қиболи ин ҷиноёт хотирнишон карданд: Чаро ин муддаиён ҳодисаи Шерозро маҳкум накарданд ва чаро як қазияи хилофи воқеъ ва дурӯғро ҳазорон бор дар интернет такрор мекунанд.

 

Барчасп