Ноябр 02, 2022 19:30 Asia/Dushanbe
  • Рақобати волейболи нишастаи қаҳрамонии ҷаҳонӣ бо ҳузури мардону занони Эрон
    Рақобати волейболи нишастаи қаҳрамонии ҷаҳонӣ бо ҳузури мардону занони Эрон

Тими миллии волейболи нишастаи мардону занони Эрон барои ширкат дар рақобатҳои волейболи нишастаи қаҳрамонии ҷаҳонӣ дар Сараевои Босния ва Ҳерзеговина ҳузур дорад. ​

Рақобатҳои волейболи нишастаи қаҳрамонии ҷаҳон ва интихобии паролимпӣ 4 то 11 ноябри 2022 дар Сараево баргузор мешавад.

Ба гузориши хабаргузории “Эрон Пресс”, тими миллии волейболи нишастаи мардони Эрон дар гуруҳи B –и рақобатҳои қаҳрамонии ҷаҳон, дар марҳалаи муқаддамотӣ бо тимҳои Қазоқистон, Ироқ ва Хорватия ҳамгуруҳ аст ва дар нахустин дидори ҷумъаи оянда ба масофи тими Ироқ меравад.

Тими миллии волейболи нишастаи занони Эрон ҳам дар рақобатҳои волейболи нишастаи қаҳрамонии ҷаҳон ҳузур дорад ва дар гуруҳи B бо тимҳои Амрико, Словения ва Канада ҳамгуруҳ аст ва дар гоми нахуст чаҳоруми ноябри 2022 дар баробари тими Амрико қарор мегирад.

Тими волейболи нишастаи мардони Эрон дар ҳашт давраи ҳузури худ дар рақобатҳои волейболи нишастаи қаҳрамонии ҷаҳон ва паролимпӣ дар ринкинги як қарор дорад ва ба дунболи унвони қаҳрамонӣ дар рақобатҳои ҷаҳонии Сараево аст.

Тим волейболи нишастаи Эрон пурифтихортарин тими ҷаҳон аст.

 

Барчасп